Ҳалокати сокини деҳа зимни қочоқи сӯзишворӣ дар марз

Date:


Зимни пешгирии қочоқи маводи сӯзишворӣ ба Афғонистон аз ҷониби марзбонон як нафар ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хабар доданд, дар посгоҳи марзии воқеъ дар мавзеи Ёгеди ноҳияи Дарвози ВМКБ марзбонон афродеро ба мушоҳида гирифтаанд, ки кӯшиши убури марзро доштаанд. Пас аз итоат накардан ба  огоҳӣ, онҳо ҳадафи тирпарронӣ қарор гирифта, яке аз қочоқгарон, Фурқат Алишбекови 31-сола ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, ба ду нафар ҳамроҳонӣ ӯ – шаҳрвандони Афғонистон муяссар шудааст, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ баранд. Яке аз онҳо низ захмӣ шудааст.

«Дар ҷойи ҳодиса шаш зарфи дорои бензин ошкор гардида, аз ин метавон ба хулоса расид, ки ин гурӯҳ ба қочоқи маводи сӯзишворӣ ба Афғонистон машғул будааст», – гуфтанд дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...