Ҳалокати сокини деҳа зимни қочоқи сӯзишворӣ дар марз

Зимни пешгирии қочоқи маводи сӯзишворӣ ба Афғонистон аз ҷониби марзбонон як нафар ба ҳалокат расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хабар доданд, дар посгоҳи марзии воқеъ дар мавзеи Ёгеди ноҳияи Дарвози ВМКБ марзбонон афродеро ба мушоҳида гирифтаанд, ки кӯшиши убури марзро доштаанд. Пас аз итоат накардан ба  огоҳӣ, онҳо ҳадафи […]

Наргис Ҳамробоева


Зимни пешгирии қочоқи маводи сӯзишворӣ ба Афғонистон аз ҷониби марзбонон як нафар ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хабар доданд, дар посгоҳи марзии воқеъ дар мавзеи Ёгеди ноҳияи Дарвози ВМКБ марзбонон афродеро ба мушоҳида гирифтаанд, ки кӯшиши убури марзро доштаанд. Пас аз итоат накардан ба  огоҳӣ, онҳо ҳадафи тирпарронӣ қарор гирифта, яке аз қочоқгарон, Фурқат Алишбекови 31-сола ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, ба ду нафар ҳамроҳонӣ ӯ – шаҳрвандони Афғонистон муяссар шудааст, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ баранд. Яке аз онҳо низ захмӣ шудааст.

«Дар ҷойи ҳодиса шаш зарфи дорои бензин ошкор гардида, аз ин метавон ба хулоса расид, ки ин гурӯҳ ба қочоқи маводи сӯзишворӣ ба Афғонистон машғул будааст», – гуфтанд дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.