Прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки амалиёти Хоруғ натанҳо ба гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ВМКБ, балки дар саросари ҷумҳурӣ бояд дарси ибрат бошад.
Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни тафтишоти рӯйдодҳои Хоруғ муайн шуд, ки чанде аз афрод аслиҳаи дар ихтиёр доштаашонро таслим накарда, бо ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ барои содир намудани ҷиноёти вазнин гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша созмон додаанд.
«Ин гурӯҳҳо дар содир намудани 20 ҷинояти вазнин гумонбар дониста шуда, ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ монеъа эҷод мекарданд ва ба мақомоти давлатӣ муқовимати мусаллаҳона нишон дода, онҳоро мавриди лату кӯб қарор медоданд ва ба амволи давлатӣ зарар мерасониданд», – иброз дошт прокурори генералӣ.
Дар идома Ш.Салимзода иттилоъ дод, ки дар натиҷаи корҳои таблиғотии сохторҳои дахлдор миёни аҳолии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон аз 25-уми июл то 20-уми декабри соли гузашта дар зарфи 5 моҳ сокинони маҳаллӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ихтиёран ҳамагӣ 325 адад яроқҳои оташфишон ва миқдори зиёди лавозимот ва дигар муҳимоти ҷангиро супурданд, ки аз 105 адад автоматҳои Калашникови гуногунтамға, 5 адад пулемёти Калашников, 118 адад таппончаҳои гуногун, як миномёт, 7 адад норинҷакафкан, 3 адад милтиқи мерганӣ (снайперӣ), 22 ҳазор адад тирҳои гуногун, 159 адад снарядҳои гуногун, 3 адад минаҳо, 190 адад норинҷакҳо (гранатаҳо)-и дастӣ, 8 адад тротил, 800 гр. тротил, 80 кг. моддаи худсози тарканда ва дигар муҳимоти ҷангӣ иборат аст.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи декабри соли гузашта Прокуратураи генералии Тоҷикистон изҳор кард, ки тафтиши парвандаҳои ҷиноии афродеро, ки пас аз рӯйдодҳои тобистони соли равон дар Хоруғ аз 25 июл то 20 декабр ихтиёрӣ аслиҳаро супурданд,
қатъ мекунад.
Парвандаҳои ҷиноии мазкур мутобиқи моддаи 195-и КҶ ҶТ (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) боз шуда буданд.
Хотиррасон менамоем, ки 24-уми июли соли гузашта дар шаҳри Хоруғ ҷиҳати нобуд кардани қотилони генерали хадамоти махсуси ҷумҳурӣ Абдулло Назаров, ки санаи 21-уми июл дар ин шаҳр кушта шуда буд, амалиёти махсуси нерӯҳои ҳукуматӣ оғоз гардид. Пас аз амалиёт ҷиҳати таҳқиқи рӯйдодҳои моҳҳои июл-августи соли равон дар Хоруғ гурӯҳи тафтишотӣ таъсис дода шуд.



