Дар озмуни «Шаҳри беҳтарин»-и аз ҷониби ҳукумати вилоят эълонгардида шаҳри Хуҷанд беҳтарин шаҳри вилояти Суғд дониста шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар озмун тамоми 18 шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ширкат варзида, бо қарори раиси вилоят Қоҳир Расулзода, Хуҷанд шаҳри беҳтарини вилоят эътироф гардид. «Ноҳияҳои Спитамен ва Ғончӣ ба зинаҳои дуюм ва сеюми озмун шарафёб гардиданд», – гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки ба ғолибони озмуни «Шаҳри беҳтарин» мутаносибан дар ҳаҷми 30, 20 ва 10 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим гардид.



