Худкушии 136 нафар сокинони Хатлон дар соли гузашта

Соли сипаришуда 136 нафар сокинони минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ даст ба худкушӣ заданд, ки нисбат ба соли пешин 14 ҳолат бештар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарёвари прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддинов хабар дод, миёни ба ин амал дастзадагон 64 нафарашонро мардон ва 71 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. «Дар байни онҳо 15 нафар ноболиғон низ ба […]

Сайраҳмон Назриев



Соли сипаришуда 136 нафар сокинони минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ даст ба худкушӣ заданд, ки нисбат ба соли пешин 14 ҳолат бештар аст.


Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарёвари прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддинов хабар дод, миёни ба ин амал дастзадагон 64 нафарашонро мардон ва 71 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. «Дар байни онҳо 15 нафар ноболиғон низ ба қайд гирифта шудаанд», – гуфт вай.


Сабабҳои аслии даст ба худкушӣ задани сокинони вилоятро номбурда ҷанҷолҳои оилавӣ ва бемориҳои рӯҳӣ унвон кард. «Дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ дар 14 ҳолат бо далели то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд», – афзуд В.Зайниддинов.


Дар ҳамин ҳол, соли гузашта дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 293 ҳодисаи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо соли пешин 37 ҳолат зиёдтар мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.