Андоз аз фурӯши чакана дар Тоҷикистон бекор шуд

Аз 1-уми январи соли равон дар Тоҷикистон андози 3 фоиза аз фурӯши чакана пурра бекор гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, ин ягона тағйиротест, ки ҷорӣ кардани он дарҳол пас аз мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави андоз дар назар буд. Ба иттилои манбаъ, Кодекси нави андоз аз […]

Заррина Эргашева


Аз 1-уми январи соли равон дар Тоҷикистон андози 3 фоиза аз фурӯши чакана пурра бекор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, ин ягона тағйиротест, ки ҷорӣ кардани он дарҳол пас аз мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави андоз дар назар буд.

Ба иттилои манбаъ, Кодекси нави андоз аз 229 модда иборат буда дар муқоиса бо кодекси қаблӣ 42 модда камтар аст ва номгӯи андозҳо дар он аз 21 то 10 ихтисор шудааст. «Кодекси нав тадриҷан тӯли солҳои 2013-2017 пурра мавриди амал қарор дода шуда, як қатор андозҳо комилан бекор ва дар чанде аз онҳо меъёри фоизӣ кам мегардад», – гуфтанд дар Кумитаи андоз.

Дар робита ба мавриди амал қарор додани Кодекси нави андоз ва бо сабаби он кам шудани қисмати даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар солҳои наздик, ки Вазорати молия онро 800-900 млн. сомонӣ (беш аз 170 млн. $) арзёбӣ кардааст, дар кумита изҳор доштанд, ки аз ҳисоби афзоиши шумори андозсупорандагон ва коҳиши ҳаҷми иқтисоди пасипардагӣ вазъ дар ин самт базудӣ тағйир хоҳад ёфт.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 126 ҳазор андозсупорандагон ба қайд гирифта шуда, 40 ҳазор аз ин шумор тибқи патент фаъолият доранд ва 26 ҳазор нафари онҳо шахсони ҳуқуқӣ буда, 60 ҳазор  андозсупорандагон мутобиқи шаҳодатнома машғули коранд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.