Вазорати тандурустӣ ҳамшираҳои шафқати нафақахӯрро аз кор озод карданӣ нест

Зимни нишасти хабарӣ вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов дар робита ба супориши Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон оид ба бекор намудани шартномаи меҳнатӣ бо нафақахӯрон дар муассисаҳои давлатӣ ва сохторҳои ҳукуматӣ, изҳор намуд, ки мувофиқи ин супориш дар низоми тандурустӣ ҳамагӣ якчанд нафар аз кор озод карда шудаанд. Ба қавли ӯ, дар навоҳии кишвар се нафар […]

Маҳпора Киромова


Зимни нишасти хабарӣ вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов дар робита ба супориши Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон оид ба бекор намудани шартномаи меҳнатӣ бо нафақахӯрон дар муассисаҳои давлатӣ ва сохторҳои ҳукуматӣ, изҳор намуд, ки мувофиқи ин супориш дар низоми тандурустӣ ҳамагӣ якчанд нафар аз кор озод карда шудаанд.

Ба қавли ӯ, дар навоҳии кишвар се нафар кормандони синнусоли нафақа аз мансабҳои роҳбарӣ сабукдӯш шуда, санитар ва ҳамшираҳои шафқати нафақахӯрро аз кор озод карданӣ нестанд. «Онҳо ба мо хеле зарур буда, ин дастур танҳо ба нафақахӯроне дахл дорад, ки дар мансабҳои роҳбарӣ ифои вазифа мекунанд», – гуфт Салимов.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, айни замон дар низоми вазорати мазкур ҳудуди 500 нафар кормандони синнусоли нафақа машғули кор буда, аз ин шумор шурӯъ аз ахири моҳи декабри соли гузашта то имрӯз

141 нафарашон

аллакай аз мансаб сабукдӯш карда шудаанд.

Аввали ҳафтаи равон бошад, зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2012 вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов изҳор намуд, ки сарфи назар аз синнусол, кормандони бахши маориф аз вазифаҳояшон

барканор карда намешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.