Сабти 137 нафар мубталоёни бемории СПИД дар Суғд

Соли гузашта дар вилояти Суғд 137 нафар мубталоёни бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва Аломати пазируфтаи норасоии масуният (АПНМ) (ВИЧ/СИД) ба қайд гирифта шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати тандурустии вилоят хабар доданд, аз ин шумор 92 нафарашонро мардон, 45 нафарашонро занон ва 8 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд. «Соли 2011 дар минтақаи шимоли […]

Мавлуда Рафиева


Соли гузашта дар вилояти Суғд 137 нафар мубталоёни бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва Аломати пазируфтаи норасоии масуният (АПНМ) (ВИЧ/СИД) ба қайд гирифта шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати тандурустии вилоят хабар доданд, аз ин шумор 92 нафарашонро мардон, 45 нафарашонро занон ва 8 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд. «Соли 2011 дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 213 нафар мубталоёни ин беморӣ сабт шуда буданд», – гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, аксарияти онҳо – 63 нафар бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, 38 нафар тавассути сӯзандору, 4 нафар аз модар ба кӯдак ва 32 нафар тариқи воситаҳои номаълум ба беморӣ сироят шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки шурӯъ аз оғози ошкор шудани беморӣ дар соли 2001 имрӯз дар минтақаи шимоли кишвар дар маҷмӯъ 908 нафар мубталоёни ин беморӣ расман сабт гардида, мардон – 653, занон – 255 ва ноболиғон – 8 нафарро ташкил медиҳанд. «Аз ин шумор 211 нафар фавтида, 48 нафар беморон зиндонианд ва 62 нафари онҳо узви як оила мебошанд», – афзуд сарчашмаи хабар. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.