Анҷоми корҳои таҷдиди нерӯгоҳи «Варзоб-1»

Дар доираи амалисозии Барномаи ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ, нахустин нерӯгоҳи обӣ-барқии Тоҷикистон – «Варзоб-1» пурра мавриди таҷдид қарор гирифта, аз оғози соли равон истеҳсоли нерӯи барқ дар ҳаҷмҳои навро шурӯъ кард. Нерӯгоҳи мазкур соли 1936 ба истифода дода шуда буд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ШСХК «Барқи тоҷик» хабар дод, […]

Аваз Юлдошев


Дар доираи амалисозии Барномаи ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ, нахустин нерӯгоҳи обӣ-барқии Тоҷикистон – «Варзоб-1» пурра мавриди таҷдид қарор гирифта, аз оғози соли равон истеҳсоли нерӯи барқ дар ҳаҷмҳои навро шурӯъ кард. Нерӯгоҳи мазкур соли 1936 ба истифода дода шуда буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ШСХК «Барқи тоҷик» хабар дод, таҷдиди пурраи нерӯгоҳи «Варзоб-1» дар чаҳорчӯби созишномаи сеҷониба миёни ширкати «Барқи тоҷик» ва ширкатҳои BHEL ва NPTC- Ҳиндустон сурат гирифт.

«То азнавсозии комил ҳар кадоме аз ду агрегати нерӯгоҳи «Варзоб-1» 3.72 МВт нерӯи барқ тавлид карда, пас аз таҷдид иқтидори ҳар яке аз он ба 4.75 МВт баробар шуд ва ҷиҳати корҳои таҷдиди пурраи иншооти гидроэнергитикии мазкур 23 млн. доллари ИМА маблағ масраф шуд», – гуфтанд дар ширкати «Барқи тоҷик».

Ба иттилои манбаъ, аввали ҳафтаи равон корҳои таҷдиди агрегати чоруми нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сарбанд» низ ба итмом расидааст, ки ҳанӯз соли 1963 мавриди истифода қарор гирифта буд. «Барои корҳои азнавсозии комили ин нерӯгоҳ беш аз 14 млн. доллари ИМА-и аз ҷониби Бонки осиёгии рушд ҷудогардида масраф гардид», – афзуд сарчашмаи хабар.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.