Дархости ҳузури БОР дар лоиҳаи CASA-1000

Дар пойтахт зимни вохӯрии вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ бо намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Си Си Ю масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳо дар бахши энергетика баррасӣ шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҷониби Тоҷикистон аз бонки мазкур иштирок дар сохтмони хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи […]

Наргис Ҳамробоева


Дар пойтахт зимни вохӯрии вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ бо намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Си Си Ю масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳо дар бахши энергетика баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҷониби Тоҷикистон аз бонки мазкур иштирок дар сохтмони хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи CASA-1000-ро хоҳиш намудааст, ки интиқоли нерӯи барқ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубиро пешбинӣ мекунад.

Ба итттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот Гул Шералӣ изҳор доштааст, ки ба Бонки осиёгии рушд барои барқарор намудани иштирокаш дар ин лоиҳа ба ҳайси сармоягузор, аз номи чор вазири кишварҳои иштирокчии лоиҳаи CASA-1000 нома ирсол гардидааст. «Си Си Ю қайд намуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти БОР беҳтар намудани зербинои энергетикӣ аст ва танҳо соли гузашта 70 дарсади маблағҳои ҷудошудаи бонк ба ин соҳа равона шудааст», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масъалаи амалисозии лоиҳаҳо оид ба истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия низ табодули назар сурат гирифта, Си Си Ю дар ин робита изҳор кардааст, ки Бонки осиёгии рушд ҷиҳати маблағгузории бурсӣ дар ҳаҷми 20 млн. доллари ИМА барои насби коллекторхои офтобӣ дар манотиқи кӯхистони Тоҷикистон  омода аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.