Эҳтимоли ташрифи С.Лавров ба Тоҷикистон

Ҳафтаи оянда аз ташрифи вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Тоҷикистон интизорӣ меравад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи тозатаъини сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дод, дар ҷараёни сафари кӯтоҳи худ С. Лавров бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дидору гуфтугунид анҷом хоҳад дод. «Дар ин […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҳафтаи оянда аз ташрифи вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Тоҷикистон интизорӣ меравад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи тозатаъини сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дод, дар ҷараёни сафари кӯтоҳи худ С. Лавров бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дидору гуфтугунид анҷом хоҳад дод.

«Дар ин вохӯриҳо аз барррасии масоили имзои созишнома дар бахши муҳоҷират ва ҳамчунин воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ эҳтимол меравад», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Эгамзод зикр кард, ки аз имзои созишномаи будубоши муҳоҷирон дар Русия намояндагии дипломатии Тоҷикистон умедвориҳои зиёд дорад. «Дар ҷаласаи сафорат оид ба натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2012 сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба имзои ин созишнома таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, изҳори итминон кард, ки он ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик такони ҷиддӣ хоҳад бахшид, зеро ба ҳалли мусбати он ҳарду ҷониб ҳам манфиатдоранд», – гуфт сухангӯи сафорат.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл ҳукумати Русия созишномаи мазкурро барои имзо ба президенти Русия Владимир Путин пешниҳод кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.