Кӯшиши ба ватан фиристодани муҳоҷири бемор аз ҷониби ХМ

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия барои ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани муҳоҷире, ки ба ҳолати мушкил афтодааст, чораҳо меандешад. Бино ба маълумоти Маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират, дар беморхонаи шаҳри Волжски вилояти Волгогради Русия марди 45-50 солае бистарӣ аст, ки шояд бемори сактаи қалб ё майнаи сараш зарб хӯрдааст, зеро қисман […]

ASIA-Plus


Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия барои ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани муҳоҷире, ки ба ҳолати мушкил афтодааст, чораҳо меандешад.

Бино ба маълумоти Маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират, дар беморхонаи шаҳри Волжски вилояти Волгогради Русия марди 45-50 солае бистарӣ аст, ки шояд бемори сактаи қалб ё майнаи сараш зарб хӯрдааст, зеро қисман фалаҷ буда, бо душворӣ ҳарф мезанад.

«Мувофиқи суханонаш, ӯ зодаи Исфара ё Хуҷанд буда, вале суроғаи мушаххасеро гуфта наметавонад ва бо худ ҳуҷҷат ҳам надорад. Аснои суҳбат бо намояндаи Хадамоти муҳоҷират маълум шуд, ки ӯ дар корхонаи соҳибкори инфиродӣ дар бахши кишоварзӣ фаъолият доштааст», – зикр мегардад дар иттилои ХМ.

Ба қавли роҳбари шуъбаи нейрохирургии беморхонаи мазкур Станислав Журбенко, алҳол вазъи саломатии бемор беҳтар буда, ба ватан фиристодани ӯ имконпазир аст.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон аз ҷониби кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани шахсият ва ба ватан фиристодани ӯ чораҳо андешида мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.