Содироти беш аз 666 млн. кВт/соат барқ дар соли гузашта

Соли 2012 аз ҷониби воҳидҳои Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» беш аз 14,4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 қариб 4% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик», дар маҷмӯъ ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ дар 2012 нисбат ба соли 2011 ба миқдори 524 млн.кВт/соат […]

ASIA-Plus


Соли 2012 аз ҷониби воҳидҳои Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» беш аз 14,4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 қариб 4% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик», дар маҷмӯъ ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ дар 2012 нисбат ба соли 2011 ба миқдори 524 млн.кВт/соат зиёд шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ширкати «Барқи Тоҷик» дар соли 2012 хариди энергияи барқро асосан аз ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1» ва «НБО-и Сангтӯда-2» дар ҳаҷми умумии ҳудуди 2,4 млрд. кВт/соат амалӣ намудааст, ки ин барои то қадри имкон кам намудани норасоии барқ дар фасли зимистон мусоидат менамояд.

Ба ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1» 83,1 ва «НБО-и Сангтӯда-2» – 19,4 млн. сомонӣ маблағи истифодаи барқ пардохт шудааст. Айни замон маблағи қарзи ширкат дар назди ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1» – 320,1 млн. сомонӣ, «НБО-и Сангтӯда-2» – 50 млн. сомонӣ ва қарзҳо аз андоз – 251 млн. сомониро ташкил медиҳанд.

Гуфта мешавад, ба 1 январи соли 2013 қарзи умумии дебитории Ширкат аз ҳисоби энергияи барқ ва гармии аз ҷониби муштариён истифодашуда 714,6 млн.сомониро ташкил медиҳад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти интиқоли барқи 220 кВ «Сангтӯда-1 – Пули Хумрӣ» ва бастани шартномаи фурӯши энергияи барқ бо Ширкати «ГЭС-Энерго Алматы»-и Қазоқистон, ҳаҷми содироти энергияи барқи изофагӣ дар мавсими баҳору тобистон афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ дар соли 2012 ба 666,7 млн.кВт.соат баробар шудааст, ки ин нисбат ба соли 2011 ба миқдори 476,8 млн.кВт.соат зиёд аст.

Дар ширкати «Барқи тоҷик» таъкид мекунанд, ки содироти барқ ба хориҷи кишвар асосан дар мавсими тобистон сурат мегирад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.