Раиси ҲУСДТ: Д.Ашӯров қурбонии бозиҳои сиёсӣ аст

Раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров нисбат ба қазияи истирдоди Давлатбек (Димон) Ашӯров як изҳороте иброз намуд. Ба эътиқоди Зойиров, бо ин амалҳои худ Тоҷикистону Чин ҳуқуқҳои инсонро поймол мекунанд, ки мутобиқи Конститутсия ҳарду кишвар аз меъёрҳои мурофиавии қонунгузорӣ дар бораи истирдод ва таъқиботи ҷиноӣ болотар қарор доранд. Дар изҳороти имрӯз интишоргардида раиси ҲУСДТ […]

ASIA-Plus


Раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров нисбат ба қазияи истирдоди Давлатбек (Димон) Ашӯров як изҳороте иброз намуд.

Ба эътиқоди Зойиров, бо ин амалҳои худ Тоҷикистону Чин ҳуқуқҳои инсонро поймол мекунанд, ки мутобиқи Конститутсия ҳарду кишвар аз меъёрҳои мурофиавии қонунгузорӣ дар бораи истирдод ва таъқиботи ҷиноӣ болотар қарор доранд.

Дар изҳороти имрӯз интишоргардида раиси ҲУСДТ иброз медорад, ки Д.Ашӯров аз Чин истирдод шуда дар фурудгоҳ ӯро бо аробачаи маъюбӣ кормандони КДАМ пешвоз гирифта, бемори вазнинро ба тавқифгоҳи муваққатии №1-и шаҳри Душанбе интиқол доданд.

«Боиси ташиш аст, ки шахс дар ҳолати беморӣ аз кишвари узви Шӯрои амнияти СММ барои ҷинояти қаллобии ҳашт сол қабл содиршуда ба кишваре истирдод гардид, ки дар он нисбати истирдодшудагон аз шиканҷа кор гирифта мешавад», – омадааст дар изҳорот.

Ба қавли Зойиров, изҳороти прокурори генералӣ дар бораи қонунӣ будани истирдоди Д.Ашӯров ба меъёрҳои қонунгузорӣ мувофиқат намекунад, зеро Д.Ашӯров ба қаллобӣ гумонбар дониста шуда, кормандони КДАМ ба тафтиши он масъул нестанд ва гузашта аз ин, дар айбномаи ба Ашӯров пешниҳодшуда таркиби ҷиноят мавҷуд нест, яъне пардохт накардани қисмате аз маблағи хариди мошин ба ин хулоса ҳуқуқ намедиҳад.

Дар идомаи изҳорот гуфта мешавад, феълан нисбати Д.Ашӯров боз як айбнома – «гурехтан» низ илова шудааст, ки он ҳам дуруст нест, зеро дар дами марг қарор доштани Д.Ашӯровро ҳам табибони чиниву ҳам тоҷик тасдиқ кардаанд.

Дар фарҷоми изҳорот Раҳматилло Зойиров зикр мекунад, ки як қатор қонуншиканиҳо дар мавриди қазияи Умаралӣ Қувватов низ ҷой дорад, ки дар робита ба он ӯ изҳороти алоҳида пахш карданист.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.