Коршиноси МТС: Барканории нафақахӯрон аз мансаб ғайриқонунист


Дар робита ба дастури Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат оид ба барканории нафақахӯрон аз мансабҳо дар сохтори давлатӣ, сардори Раёсат оид ба таҳқиқоти мушкилоти иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Абдураҳмон Қурбонов изҳор намуд, ки 


дар содир гардидани ин дастур 

бидуни таҳлил ба шитобкорӣ роҳ дода шудааст.

«Дастури мазкур нахуст ба меъёрҳои ахлоқӣ мувофиқ набуда, сипас шахсони синнусоли нафақа бояд бо ифтихору қадрдонӣ ба нафақа гусел шаванд, на шитобкорона бо супориши касе», – иброз дошт вай.

А.Қурбонов муътақид аст, ки дастури мазкур ба аксари асноди қонунгузории ҷумҳурӣ мухолиф аст. «Мутаассифона, аллакай мувофиқи ин дастур аксари кормандони синнусоли нафақаи бахшҳои илму маориф аз мансаб сабукдӯш шуда, ин ба бахши илму маорифи кишвар зарари ҷуброннопазир аст», – гуфт коршинос.

Қурбонов таъкид кард, ки дастури Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба сифати ташаббуси холӣ кардани ҷойҳои корӣ барои кадрҳои ҷавон арзёбӣ мешавад, вале айни замон ин шумор кадрҳое, ки нафақахӯрони соҳибтаҷрибаро иваз карда тавонанд, ба мушоҳида намерасад.

«Барои ин нахуст таҳияи барномаи махсуси давлатӣ зарур аст, то ки дар муддати 5-7 сол кадрҳои ҷавони шоиста омода карда шаванд», – мегӯяд вай. – Ба ҳар ҳол, имрӯз маҳдудияти синнусолӣ барои мақомоти раҳбарӣ, бахусус дар бахши илму маориф ба манфиати давлату миллат нест».

Муовини аввали директори МТС Худойбердӣ Холиқназаров бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон аксаран моҳияти супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президентро нодуруст арзёбӣ карданд.

«Мутаассифона, аксари роҳбарон бо дастрасӣ аз ин супориш кормандонро аз мансаб сабукдӯш карданд ва ин нодуруст аст, зеро дастур аз мансаб сабукдӯш кардани кадрҳои роҳбарии синнусоли нафақаро дар назар дорад», – гуфт вай.

Холиқназаров васоити ахбори умумро низ дар нодуруст шарҳ додани дастури мазкур ва ба гумроҳӣ андохтани ҷомеа гунаҳкор донист.

Дар ҳамин ҳол, дар супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ дақиқан гуфта намешавад, ки бояд танҳо кормандони мақомоти раҳбарии синннусоли нафақа аз кор озод карда шаванд. Дар зер нусхаи мактуби Б.Худоёров замима мегардад, ки ахири моҳи декабр ба мақомоти давлатӣ ирсол гардида буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

spot_imgspot_img

Популярное