Эҳтимоли тағйири вазъ дар марз баъди хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон

Муовини аввали директори Марказӣ тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназаров мегӯяд, дар Тоҷикистон аз хурӯҷи нерӯҳои эътилофи Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) аз Афғонистон дар соли оянда изҳори нигаронӣ доранд. «Мо ҳама аз он нигаронем, ки баъди соли 2014 нерӯҳои ИМА қисман аз Афғонистон хориҷ карда мешаванд», – гуфт ӯ зимни нишасти хабарӣ дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Муовини аввали директори Марказӣ тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназаров мегӯяд, дар Тоҷикистон аз хурӯҷи нерӯҳои эътилофи Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) аз Афғонистон дар соли оянда изҳори нигаронӣ доранд.

«Мо ҳама аз он нигаронем, ки баъди соли 2014 нерӯҳои ИМА қисман аз Афғонистон хориҷ карда мешаванд», – гуфт ӯ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.

Холиқназаров зикр кард, ки пас аз имзои созишномаи шарикии стратегӣ миёни Афғонистону ИМА, пас аз соли 2014 дар ин кишвар аз 20 то 60 ҳазор нерӯҳои низомии НАТО боқӣ мемонанд, ки дар навбати аввал ба омодасозии кадрҳои низомии маҳаллӣ машғул шуда, дар ҳамлаҳои бузурги ҳаракатҳои ифротгаро дар Афғонистон истифода хоҳанд шуд.

«Табиист, ки ҳукумати мо аз тағйири вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон пас аз қисман хориҷ шудани нерӯҳои НАТО аз Афғонистон огаҳӣ дорад», – иброз дошт вай.

Ба қавли муовини аввали директори МТС, ба Тоҷикистон дар ин ҳолат таҷаммӯъи нерӯҳои гуногун аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус толибон хатари зиёд дорад ва дар ин робита, баҳри пешгирии он чорабиниҳои мушаххас пеш гирифта мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.