Рашт: Ду нафар зери тарма монданд

Date:


Дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ ду нафар зери тарма монда, ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 13-уми январ бар асари фаромадани тарма миёни деҳоти Аскалон ва Шархои ноҳияи Рашт рух дода, ду сокини маҳаллӣ – Файзулло Ҷамилови 20-сола ва Муҳаммади Абдуллои 12-сола зери тарма мондаанд. «Пас аз чанд соати ҳодиса кормандони ситоди ноҳиявии КҲФ ва сокинони маҳаллӣ ҷасади онҳоро аз зери тарма берун оварда, ба наздиконашон супурданд», – гуфтанд дар КҲФ.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 11-уми январ ҳамчунин бар асари фаромадани тарма дар километри 68-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ дар ноҳияи Варзоб автомашинаи тамғаи «Муссо» ба ҷарии 300-метра сарозер рафтааст.

«Дар натиҷа як тани алҳол шахсияташ номаълум дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва се нафари боқимонда – сокини 30-солаи ноҳияи Панҷакент Аъзам Абдураҳмонов, сокини 46-солаи шаҳри Хуҷанд Икром Абдураҳмонов ва сокини 45-солаи шаҳри Хуҷанд Ҷалол Усмонов наҷот дода шуданд», – зикр карданд дар КҲФ ва МГ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...