Рашт: Ду нафар зери тарма монданд

Дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ ду нафар зери тарма монда, ба ҳалокат расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 13-уми январ бар асари фаромадани тарма миёни деҳоти Аскалон ва Шархои ноҳияи Рашт рух дода, ду сокини маҳаллӣ – Файзулло Ҷамилови 20-сола ва Муҳаммади […]

Наргис Ҳамробоева


Дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ ду нафар зери тарма монда, ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 13-уми январ бар асари фаромадани тарма миёни деҳоти Аскалон ва Шархои ноҳияи Рашт рух дода, ду сокини маҳаллӣ – Файзулло Ҷамилови 20-сола ва Муҳаммади Абдуллои 12-сола зери тарма мондаанд. «Пас аз чанд соати ҳодиса кормандони ситоди ноҳиявии КҲФ ва сокинони маҳаллӣ ҷасади онҳоро аз зери тарма берун оварда, ба наздиконашон супурданд», – гуфтанд дар КҲФ.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 11-уми январ ҳамчунин бар асари фаромадани тарма дар километри 68-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ дар ноҳияи Варзоб автомашинаи тамғаи «Муссо» ба ҷарии 300-метра сарозер рафтааст.

«Дар натиҷа як тани алҳол шахсияташ номаълум дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва се нафари боқимонда – сокини 30-солаи ноҳияи Панҷакент Аъзам Абдураҳмонов, сокини 46-солаи шаҳри Хуҷанд Икром Абдураҳмонов ва сокини 45-солаи шаҳри Хуҷанд Ҷалол Усмонов наҷот дода шуданд», – зикр карданд дар КҲФ ва МГ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.