Сафири Британия дар Тоҷикистон ҷаноби Робин Орд Смит чанде қабл бо ғолибони озмуни «Бонуи соҳибкори сол Фараҳ-2012» дар манзили худ гирди мизи хӯроки шом вохурии корӣ баргузор намуд.
Тавре аз сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ин дидор ғолибони озмун ҷамъ омаданд ки дар соҳаҳои гуногуни соҳибкорӣ дар Тоҷикистон фаъолият мебаранд. «Иштирокчиёни вохурӣ бо сафир оид ба дастовардҳо ва нақшаҳои ояндаи худ дар соҳаи соҳибкорӣ сӯҳбат карданд», – гуфтанд дар сафорат.
Ба иттилои манбаъ, ин вохурӣ ба ғолибони озмун боз як бор имкон дод ки онҳо аз наздик бо ҳамдигар шинос шаванд. «Ҷаноби Робин Орд-Смит, сафири Британия дар Тоҷикистон, ғолиби кулли озмуни «Фараҳ-2012» дар бахши «Кишоварзӣ» Замира Қаҳҳорова, ғолиби соҳаи «Зебогӣ ва мӯд» Умринисо Мутмӯсоева ва ғолиби соҳаи «Косибӣ ва ҳунармандӣ» Сабоҳат Бобоёроваро бо ғолибият табрик гуфта, дар гузоштани саҳми онҳо барои рушди иқтисодиёт ва боло бурдани сатҳи огоҳии ҷомеъа оиди мавқеъи зан дар рушди соҳибкорӣ изҳори миннатдори баён намуд», – иттилоъ додан дар сафорат.


