Тағйири тартиби воридоти нақлиёти автомобилӣ ба ҷумҳурӣ

Аз 1-уми феврали соли 2013 тартиби воридоти нақлиёти автомобилӣ ба Тоҷикистон тағйир меёбад. Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки аз ин ба баъд ҳангоми воридот автомобилҳо ба дараҷаҳои «барои истифодаи инфиродӣ» ва «барои мақсадҳои тиҷоратӣ» таснифбандӣ намешаванд. Ба гуфтаи вай, мувофиқи қарори ҳукумат аз моҳи […]

Заррина Эргашева


Аз 1-уми феврали соли 2013 тартиби воридоти нақлиёти автомобилӣ ба Тоҷикистон тағйир меёбад.

Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки аз ин ба баъд ҳангоми воридот автомобилҳо ба дараҷаҳои «барои истифодаи инфиродӣ» ва «барои мақсадҳои тиҷоратӣ» таснифбандӣ намешаванд.

Ба гуфтаи вай, мувофиқи қарори ҳукумат аз моҳи декабри соли гузашта, тартиби воридоти нақлиёти автомобилӣ ба ҷумҳурӣ тағйир дода шуда, аз моҳи феврал воситаҳои нақлиёт аз ҷониби шахсони воқеиву ҳуқуқӣ тибқи тартиби ягона ворид карда мешаванд.

«Аз моҳи феврал воридоти воситаи нақлиёти сабукрав бо пардохти 18% андоз аз арзиши изофа, 5% боҷи гумрукӣ ва 10% андози аксизӣ сурат мегирад», – иброз дошт номбурда.

Тибқи маълумоти оморӣ, аз моҳи январ то моҳи ноябри соли гузашта ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 510 млн. доллари ИМА воситаҳои нақлиёт ворид карда шудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2011 2,2 маротиба зиёдтар аст.

Қобили зикр аст, ки нақлиёти автомобилӣ, асосан автомашинаҳои сабукрав аз кишварҳои Балтикаву Аврупо ворид карда мешаванд. Дар воридоти нақлиёти автомобилҳои бузургҳаҷми боркаш Чин пешсаф аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.