Боздошти як гурӯҳи террористони эҳтимолӣ дар Суғд

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як гурӯҳи афроди гумонбар ба узвият дар гурӯҳи террористии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» боздошт шуданд. Сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Шариф Назаров зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки рӯзҳои 9-10-уми январи соли равон зимни як амалиёт дар қаламрави ноҳияи Мастчоҳ шаш нафар боздошт шудаанд, ки се нафари онҳо ба даст […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як гурӯҳи афроди гумонбар ба узвият дар гурӯҳи террористии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» боздошт шуданд.

Сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Шариф Назаров зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки рӯзҳои 9-10-уми январи соли равон зимни як амалиёт дар қаламрави ноҳияи Мастчоҳ шаш нафар боздошт шудаанд, ки се нафари онҳо ба даст доштан дар амалҳои террористӣ гумонбар буда, боқимонда паноҳгоҳи онҳоро таъмин кардаанд.

Ба қавли ӯ, дар ҷараёни амалиёт онҳо муқовимати мусаллаҳона нишон дода, дар натиҷа як кормандони мақомоти интизомӣ ҷароҳат бардоштааст. «Боздоштшудагон таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошта, аз онҳо силоҳи оташфишон мусодира шуд», – гуфт Ш.Назаров.

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки амалиёт идома дошта, дар бораи натоиҷи дигари  он иловатан хабар дода мешавад.

Бино ба маълумоти мақомоти прокуратураи вилояти Суғд, соли гузашта дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ нисбати 72 нафар аъзои гурӯҳҳои динии ифротгаро, аз қабили созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ва «Ҷамоати таблиғ» 11 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, пас аз тафтиш ба баррасии суд ирсол гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.