Манъи истифодаи арматураи чиниву сементи покистонӣ

Дар Тоҷикистон ба истифодаи сементи истеҳсоли Покистон ва арматураи истеҳсоли Чин зимни сохтмони биноҳои баландошёна иҷозат дода намешавад. Раиси Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ Абдувалӣ Комилов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки истифодаи арматураи истеҳсоли Чин дар сохтмони биноҳои баландошёна дар Тоҷикистон, ки дар минтақаи фаъоли заминларза воқеъ аст, хатарнок буда, аз ҷиҳати […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар Тоҷикистон ба истифодаи сементи истеҳсоли Покистон ва арматураи истеҳсоли Чин зимни сохтмони биноҳои баландошёна иҷозат дода намешавад.

Раиси Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ Абдувалӣ Комилов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки истифодаи арматураи истеҳсоли Чин дар сохтмони биноҳои баландошёна дар Тоҷикистон, ки дар минтақаи фаъоли заминларза воқеъ аст, хатарнок буда, аз ҷиҳати сифат он аз сементи истеҳсоли Русияву Украина пасттар аст.

Ба гуфтаи Комилов, дар ҷумҳурӣ ҳамчунин истифодаи сементи истеҳсоли Покистон низ ҳангоми бунёди биноҳои баландошёна манъ шудааст ва ба истифодаи он танҳо дар сохтмони биноҳои то сеошёна иҷозат дода шудааст. «Аз нигоҳи сифат сементи истеҳсоли Тоҷикистон аз сементи истеҳсоли Покистон хубтар аст», – иброз дошт ӯ.

Сабаби гаронии манзили зист дар пойтахти ҷумҳуриро номбурда ба воридоти масолеҳи сохтмон аз хориҷи кишвар, аз фаъолият бозмондани корхонаҳои ватании истеҳсоли семент бар асари камбуди гази табиӣ ва монеъаҳо дар интиқоли масолеҳи сохтмон тавассути роҳи оҳан марбут донист.

Комилов таъкид дошт, ки айни замон як метри мураббаъи манзил дар канори Душанбе – 650 $ ва дар маркази пойтахт – 1,2 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии мазкур, соли гузашта дар Тоҷикистон наздики 875 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.