Cуғд: Ду ҳукми ҳабси абад дар соли гузашта

Соли гузашта дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ду ҳукми ҳабси абад содир шуд. Раиси суди вилояти Суғд Анвар Юсуфов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки ҳукми ҳабси абади аввал аз ҷониби Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилоят нисбати сокини 21-солаи ноҳияи Зафаробод Қувондиқ Иноятов содир шудааст, ки моҳи июли соли 2012 дар ноҳияи Бобоҷон […]

Мавлуда Рафиева


Соли гузашта дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ду ҳукми ҳабси абад содир шуд.

Раиси суди вилояти Суғд Анвар Юсуфов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки ҳукми ҳабси абади аввал аз ҷониби Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилоят нисбати сокини 21-солаи ноҳияи Зафаробод Қувондиқ Иноятов содир шудааст, ки моҳи июли соли 2012 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се нафарро бо истифода аз табар ба қатл расонида буд.

«Ҳукми дуюми ҳабси абад низ аз ҷониби ин сохтор моҳи декабри соли гузашта нисбати сокини 48-солаи шаҳри Истаравшан, падари чор фарзанд Ғайбулло Насруллоев қабул шуд, ки ба қатли ҳамсар ва келини ҳомиладораш бо истифода аз табар дар моҳи июни соли 2012 гунаҳкор дониста шуда буд», – гуфт номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.