Пешвоёни ғайрирасии ВМКБ аз рӯйхати Интерпол хориҷ шуданд

Чор нафар пешвоёни ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз пойгоҳи маълумотномаи афроди мавриди ҷустуҷӯи Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) хориҷ карда шуданд. То ҳодисаҳои маълуми Хоруғ дар моҳи июли соли гузашта онҳо ба ин феҳрист шомил буданд. Дар сомонаи расмии Интерпол зикр гардида буд, ки чор нафар пешвоёни ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мамадбоқир Мамадбоқиров, […]

Меҳрангез Турсунзода


Чор нафар пешвоёни ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз пойгоҳи маълумотномаи афроди мавриди ҷустуҷӯи Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) хориҷ карда шуданд. То ҳодисаҳои маълуми Хоруғ дар моҳи июли соли гузашта онҳо ба ин феҳрист шомил буданд.

Дар сомонаи расмии Интерпол зикр гардида буд, ки чор нафар пешвоёни ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Айёмбеков, Ёдгоршо Мамадасламов ва ҳатто марҳум Имомназар Имомназаров ба пойгоҳи афроди мавриди пайгард қарордоштаи Интерпол шомил буда, аксҳои онҳо дар сомона гузошта шуда буд.

Онҳо барои содир намудани ҷиноёти зарар ба саломативу ҳаёт, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, истисмори шаҳвонӣ, дуздӣ ва дигар ҷиноёти вазнин мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифта, аммо аз кадом сана эълон шудани ҷустуҷӯи онҳо баён нашуда буд.

Ёдрас мекунем, ки чор нафар пешвоёни дар боло зикршудаи Бадахшонро Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба қочоқи маводи мухаддиру сангҳои қиматбаҳо, хариду фурӯши одамон, ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, ба гаравгон гирифтан ва саркашӣ аз баргардонидани бонкҳои қарзӣ муттаҳам карда буд.

Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи Интерпол аксҳои 16 нафар афроди бедаракшуда ва 152 нафар шаҳрвандони аз ҷониби Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои гуногун мавриди пайгард эълоншуда ҷой дода шудаанд. Санаи 5-уми октябри соли 2004 Тоҷикистон ба узвияти Интерпол пазируфта шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.