Тоҷикистон боз дар радифи кишварҳои «ноозод»

Бар асоси гузориши тозаи ҳамасолаи Созмони байнулмилалии ғайриҳукуматии Хонаи Озодӣ ё Freedom House таҳти унвони «Озодӣ дар ҷаҳон» чун солҳои қабл Тоҷикистон ба шумори кишварҳои «ноозод» шомил шудааст. Ба сафи кишварҳои «ноозод» тибқи гузориши соли 2013-и созмон, ҳамчунин Русия, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Афғонистон, Куба, Ироқ, Уммон, Қатар, Ветнам, Камбоҷа, Бруней ва кишварҳои зиёди қитъаи Африқо […]

Пайрав Чоршанбиев


Бар асоси гузориши тозаи ҳамасолаи Созмони байнулмилалии ғайриҳукуматии Хонаи Озодӣ ё Freedom House таҳти унвони «Озодӣ дар ҷаҳон» чун солҳои қабл Тоҷикистон ба шумори кишварҳои «ноозод» шомил шудааст.

Ба сафи кишварҳои «ноозод» тибқи гузориши соли 2013-и созмон, ҳамчунин Русия, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Афғонистон, Куба, Ироқ, Уммон, Қатар, Ветнам, Камбоҷа, Бруней ва кишварҳои зиёди қитъаи Африқо аз қабиои Алҷазоир, Ангола, Чад, Эфиопия, Габон ва ғайра низ дохиланд.

Кишварҳои Украина, Арманистон, Гурҷистон, Молдова, Қирғизистон ва ҳамчунин Миср, Македония, Туркия, Венесуэла ва ғайра «қисман озод» арзёбӣ шудаанд.

Тибқи гузориши Freedom House, аз нигоҳи таъмини рушди ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ давлатҳое чун ИМА, Канада, Австралия, аксари кишварҳои Аврупо (Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Испания, Швейтсария, Нидерланд, Лаҳистон, давлатҳои скандинавӣ) ва ҳамчунин Чили, Уругвай, Коста-Рика, Капе-Верде, Микронезия ва ғайра пешсаф мебошанд.

Нишондиҳандаҳои бадтарин дар гузориш ба кишварҳои Кореяи Шимолӣ, Сурия, Арабистони Саудӣ, Сомали, Судон, Гвинеяи Экваториалӣ, Эритрея ва ҳамчунин Туркманистону Ӯзбекистон нисбат дода мешавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.