Роҳбари Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози Интернети Тоҷикистон Асомуддин Атоев хабари супориши Хадамоти алоқа дар бораи қатъи дастрасӣ ба сомонаи шабакаи иҷтимоии Facebook ва бахши русии торнамои радиои «Озодӣ» – rus.ozodi.org – ро тасдиқ намуд.
Ба қавли ӯ, чанде қабл ба ширкатҳои фароҳамсози Интернет тавассути паёсак (СМС) ва ба таври шифоҳӣ дар ин хусус супориш расида, ширкатҳое, ки узви Ассоситсия нестанд, дастрасӣ ба сомонаҳои зикршударо қатъ сохтаанд ва дар рӯйхат суроғаҳои сомонаҳое чун www.toptj.com в
а
www.topnews.tj
низ ҷой доранд.
«Ширкатҳои интернетрасони узви Ассотсиатсия супориши расмиро интизоранд, вале яқинан ин дафъа ҳам мақомоти раҳбарии Хадамоти алоқа чун ҳолатҳои пешин рафтор хоҳад кард, яъне аввал паёмак ва сипас дастури расмӣ», – зикр кард Атоев.
Номбурда изҳор кард, ки айни замон ширкатҳои «Интерком», «Вавилон Т», «Телеком Технолоджи» ва Иттиҳодияи Таррена узви Ассотсиатсия мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари хадамоти алоқа Бег Зуҳуров дар мусоҳиба бо радиои «Озодӣ» аз ҷониби хадамоти алоқа супориш додани қатъи дастрасӣ сомонаи шабакаи иҷтимоии Facebook ва бахши русии торнамои радиои «Озодӣ»-ро рад кардааст. «Ҳеҷ гуна дастур аз тарафи хадамот дар мавриди бастани ин ё он сомона содир нашудааст», – изҳор доштааст номбурда.
Ба ОИ «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки аз Хадамоти алоқа оид ба масъалаи мазкур шарҳу тавзҳеҳ дастрас намояд. Роҳбари хадамот Бег Зуҳуров муддати чанд моҳ аст, ки қариб доимо дар Кӯлоб қарор дошта, ҷараёни сохтмони Кохи варзишро назорат мекунад. Фармоишгари сохтмони иншооти мазкур департаменти «Тоҷиктелеком» дар вилояти Хатлон аст.
Мебояд гуфт, тайи соли ахир то ин муддат
бори сеюм
аст, ки дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи иҷтимоии писандидаи Facebook қатъ карда мешавад.
Бино ба маълумоти портали Socialbakers.com, айни замон шумори корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон 41 ҳазору 160 нафар ё худ 0,55% аз шумори умумии аҳолиии ҷумҳурӣ ва ё 5,87% аз шумори умумии корбарони Интернет дар кишварро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook саҳфаҳои хадамоти матбуоти президенти ҶТ, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев амал мекунанд.


