Беш аз 22 млн. евро баҳри таҷдиди шабакаҳои барқи Суғд

Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ тӯли ду соли наздик баҳри барқарор ва таҷдиди шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба сифати қарзу бурс 22,2 млн. евро маблағ ҷудо мекунанд. Зимни суханронӣ доир ба ин масъала дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ муомини вазири молияи кишвар Руҳулло Ҳакимов […]

Аваз Юлдошев


Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ тӯли ду соли наздик баҳри барқарор ва таҷдиди шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба сифати қарзу бурс 22,2 млн. евро маблағ ҷудо мекунанд.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ муомини вазири молияи кишвар Руҳулло Ҳакимов изҳор намуд, ки бо истифода аз ин маблағ аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» беш аз 100 ҳазор адад ҳисобкунакҳои барқии услуби кори пешпардохт харидорӣ ва насб карда мешаванд.

«Ғайр аз ин, маблағҳо ба азнавсозии шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанду ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ивази трансформаторҳо равона хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.

Дар идома номбурда зикр кард, ки аз ҳаҷми умумии маблағи ҷудошуда ҳудуди 6,3 миллион евро воситаҳои бурсӣ буда, боқимондааш қарзи имтиёзнок аст.

Дар ин робита вакили парлумон Шодӣ Шабдолов аз вазъи ташвишовари низоми энергетикии кишвар ва ба ҳеҷ гуна меъёрҳои банулмилалӣ ҷавобгӯ набудани он ҳарф зада, изҳори боварӣ кард, ки воситаҳои мазкур баҳри ба тартиб овардани низоми энергетикии ҳадди ақал як шаҳру ноҳия мусоидат хоҳанд намуд.

«Ман ҳамчун энергетики касбӣ огаҳам, ки зимни истифодаи барқ талафоти техникӣ мавҷуд аст, лекин ба ҳеҷ гунае намефаҳмам, ки ба истилоҳ талафоти тиҷоратӣ беш аз 3 млрд. кВт/соатро ташкил диҳад ва барои шахсони камогоҳ аз ин масъала мефаҳмонам, ки талафоти тиҷоратӣ ин дуздӣ аст. Умедворам, ки истифодаи оқилонаи ин маблағҳо вазъи бахши мазкурро ба куллӣ беҳтар хоҳад кард», – иброз дошт Ш.Шабдолов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.