С.Лавров: Тавофуқҳои ҳосилшуда саривақт ба иҷро мерасанд

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матьуоти сарвари давлат, дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкорию ҳамшарикии Тоҷикистону Русия, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, энергетика, тиҷорату сармоягузорӣ, муҳоҷирати корӣ ва ғайра баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба, […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матьуоти сарвари давлат, дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкорию ҳамшарикии Тоҷикистону Русия, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, энергетика, тиҷорату сармоягузорӣ, муҳоҷирати корӣ ва ғайра баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба, ки моҳи октябри соли 2012 зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон имзо шуда буданд, зоҳир гардид. Ба мувофиқа расондани лоиҳаи созишномаҳо дар бораи содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бе ситонидани боҷи гумрукӣ, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, муҳоҷирати корӣ ва тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Русия аз ҷумлаи онҳоанд.

Аз афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки ҳаҷми он дар соли 2012 беш аз 1 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки бо имзо шудани санадҳои нави баррасишаванда, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, таҳвили маҳсулоти нафтӣ ва саҳл намудани тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Русия, ин нишондод боз ҳам боло меравад.

Гуфутгӯи судманд, ҳамчунин доир ба масоили ҳамкории минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Русия, сурат гирифт.

Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Русия ба журналистон изҳор намуд, ки имзои созишномаҳо оид ба таҳвили маҳслуоти нафтӣ бидуни боҷи содиротӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ миёни кишварҳо семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар назар аст.

Ба қавли ӯ, дар ин масъала ҳамаи корҳо мувофиқи реҷаи муайян сурат гирифта, тафовуқҳои ҳосилшуда саривақт ба иҷро мерасанд. «Ин масъалаҳо ба ҳамкориҳои низомиву иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дар дигар бахшҳои муҳим мансуб буда, дар ин хусус мақомоти раҳбарии кишварро огоҳ хоҳем кард», – таъкид дошт Лавров.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои як сарчашмаи муътамади ОИ «Азия-Плюс», муҳлати имзои созишнома дар бораи таҳвили маҳслуоти нафтӣ бо ташаббуси Русия мавқуф гузошта шудааст. «Моро огоҳ сохтанд, ки масъалаи имзои созишномаи зикршуда пас аз ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати Русия ҳаллу фасл хоҳад шуд», – гуфт манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.