Тасдиқи Созишнома бо Чин оид ба реҷаи марзи давлатӣ

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилони мардумӣ бидуни баррасӣ Созишномаи байниҳукуматии моҳи июни соли гузашта ба имзорасида миёни Тоҷикистону Чин дар бораи реҷаи марзи давлатии ҳарду кишварро якдилона маъқул шумориданд. Зимни шарҳи ҷузъиёти созишнома ба вакилон раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймумин Ятимов зикр кард, ки дар санади мазкур қоидаҳои равуои шаҳрвандон, воситаҳои […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилони мардумӣ бидуни баррасӣ Созишномаи байниҳукуматии моҳи июни соли гузашта ба имзорасида миёни Тоҷикистону Чин дар бораи реҷаи марзи давлатии ҳарду кишварро якдилона маъқул шумориданд.

Зимни шарҳи ҷузъиёти созишнома ба вакилон раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймумин Ятимов зикр кард, ки дар санади мазкур қоидаҳои равуои шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт ва ҳамлу нақли молу коло тавассути марзи давлатӣ муқаррар шудаанд. «Ғайр аз ин, дар созишнома макони гузоштани аломатҳои марзӣ ва шикор дар манотиқи наздимарзӣ муайян карда шудаанд», – гуфт вай.

Зимни ибрози андеша оид ба ин масъала раиси Кумитаи мудофиа ва амнияти парлумон Амирқулов Азимов изҳор кард, ки созишномаи мазкур ҳамчунин масоили ҳифзи муштараки муҳити зист дар манотиқи наздимарзӣ ва ҳамкории мутақобилаи сохторҳои марзбонии ҳарду ҷонибро низ танзим мекунад.

Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон ҳамчунин ворид намудани тағийрот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи милитсия» низ маъқул дониста шуд. Аз ин ба баъд Вазорати корҳои дохилӣ уҳдадор мешавад, ки ҳар моҳ ба Кумитаи андози ҷумҳурӣ дар бораи воридоти маблағҳои пулии марбут ба додани шиноснома ба шаҳрвандони кишвар маълумот пешниҳод намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.