AI: Ҳукуматдорони тоҷик ба озодии ибрози андеша фишор меоранд

Date:


Дар изҳороти рӯзи душанбе пахшшудаи Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) зикр мегардад, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон ба озодии ибрози андеша ва гирдиҳамоиҳо дар кишвар фишор меоранд.

«Сарфи назар аз эътирози ҷомеаи байнулмилалӣ, аз ҷумла Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ Кэтрин Эштон, ҳукуматдорони тоҷик қарори манъи фаъолияти созмони ҳомии ҳуқуқро тасдиқ намуданд», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, Amnesty International аз ҳукуматдорон иҷозати идомаи кори Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» бидуни ҳарос аз дахолату фишорро даъват мекунад.

Рӯзи 15-уми январ зинаи кассатсионии суди вилояти Суғд қарори суди шаҳри Хуҷанд дар бораи қатъи фаъолияти Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро»-ро

бетағйир боқӣ гузошт.

Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» беш аз 30 нафар намояндагони ҳомии ҳуқуқ, донишҷӯён, рӯзноманигорон ва ҳуқуқшиносони ҷавонро муттаҳид мекунад. Асссотсиатсия узви Эътилофи ТҒД-и зидди шиканҷа дар ҶТ ва Эътилофи итттиҳодияҳои ҷамъиятии кишварҳои узви ИДМ оид ба ҳимоя аз ҳуқуқи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ аст.

Ба андешаи Созмони Афви Байнулмилал, «Ампаро»-ро барои кӯшишоти ҷамъоварӣ ва ба маърази умум гузоштани маълумот дар бораи шиканҷа ва дигар кирдори бераҳмона нисбати ҷавононони ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда ҷазо медиҳанд.

Ахири моҳи октябри соли гузашта суди шаҳри Хуҷанд дар бораи

барҳам додани

Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» қарор содир намуд. Суд даъвои Раёсати адлияи вилояти Суғд дар бораи барҳам додани Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро»-ро қонеъ намуд.

«Қарори охири суд нигаронии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба маҳдудияти озодии ибрози андеша ва гирдиҳамоӣ дар кишварро тасдиқ намуда, барҳам додани Ташкилоти ғайридавлатӣ як ҳушдори ҳавлангез ба ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аст», – зикр мегардад дар изҳорот.

Қобили зикр аст, ки моҳи ноябри соли 2012 Кумитаи зидди шиканҷаи СММ низ аз қарори барҳам додани ташкилоти «Ампаро» изҳори нигаронӣ намуда буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...