Боздошти корманди Раёсати муҳофизати ВКД бо маводи мухаддир

Зарфи се рӯзи охир кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон як силсила чорабиниҳои муваффақонаи фаврӣ-ҷустуҷӯиро дар қаламрави кишвар роҳандозӣ карданд. Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур, дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ 6 кило маводи мухаддир мусодира гардида, 4 нафар, ки яке аз онҳо шаҳрванди Федератсияи Русия мебошад, боздошт шуданд. Ҳамин […]

ASIA-Plus


Зарфи се рӯзи охир кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон як силсила чорабиниҳои муваффақонаи фаврӣ-ҷустуҷӯиро дар қаламрави кишвар роҳандозӣ карданд.

Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур, дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ 6 кило маводи мухаддир мусодира гардида, 4 нафар, ки яке аз онҳо шаҳрванди Федератсияи Русия мебошад, боздошт шуданд.

Ҳамин тариқ, 18 январи соли равон дар ҷараёни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардида, ҳангоми кофтукови шахсии ӯ 8 баста ва дар хонаааш боз 32 бастаи дорои маводи мухаддири кашфу мусодира гардид, ки вазни умумии он наздик ба 1 килоро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, баъди андешидани чораҳо ду ширкаткунандаи дигари ин гурӯҳ, ки дар шаҳри Душанбе саргарми харидуфурӯши маводи мухаддир буданд, боздошт гардиданд. Онҳо низ сокини 31 ва 40-солаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, яке аз онҳо корманди Раёсати муҳофизати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст. Соли равон ин ҳодиса дуюми боздошти аъзои гурӯҳи ҷиноятпешае аст, ки ба фурӯши чаканаи маводи нашъаовар дар қаламрави кишвар машғуланд.

Зикр мегардад, ки рӯзи 20 январ кормандони Агентӣ якҷо бо кормандони Сарраёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Ишкошими ВМКБ аз кӯшиши убури ғайриқонунии  марзи давлатӣ ҷилавгирӣ ба амал оварданд. Дар ҷои ҳодиса  як халтаи полиэтилинии дорои маводи нашъадори героин ошкор ва мусодира шуд. Дар айни замон барои мушаххас кардани шахсият ва боздошти қочоқчӣ чораҳо андешида мешаванд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар қаламрави шаҳри Душанбе дар ҷараёни баргузории амалиёти фаврӣ бо гумони тайёр намудани  пулҳои қалбакӣ шаҳрванди 51-солаи Федератсияи Русия боздошт гардид, ки пештар ду маротиба суд шуда будааст.

Тафтишот муайян кардааст, ки боздоштшуда дар хонаи иҷоравиии худ пулҳои қалбакӣ чоп мекард. Ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматии ӯ кормандони Агентӣ пулҳои қалбакии ИМА, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷҳизоти тавлидкунандаи пулҳои қалбакиро ошкор намуданд. Аз боздоштшуда дар маҷмӯъ 550 доллари ИМА, 149 сомонӣ, 1150 рубли русӣ ва 30 афғонии ҶИА мусодира гардид.

Аз рӯи ҳамаи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, боздоштшудагон ҳоло дар тафқифгоҳи муваққатии Агентӣ нигаҳдорӣ мешаванд.    

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.