Ба фурӯш нарафтани китобҳои Вазорати фарҳанг ба маблағи 5 млн. сомонӣ

Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзощоҳрух Асрорӣ зимни конфронси матбуотӣ изҳор намуд, ки дар анборҳои вазорат китобҳои тайи чанд соли ахир нашршуда ба маблағи 5 млн. сомонӣ ҷамъ шудаанд. Ба қавли вазир, як ҳафта пеш оид ба ин масъала дар вазорат ҷаласа доир гардида, ҷиҳати дарёфти воситаҳои фурӯши ин китобҳо бо ҷалби мутахассисон ва кӯмаки ҳукумати кишвар […]

Маҳпора Киромова


Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзощоҳрух Асрорӣ зимни конфронси матбуотӣ изҳор намуд, ки дар анборҳои вазорат китобҳои тайи чанд соли ахир нашршуда ба маблағи 5 млн. сомонӣ ҷамъ шудаанд.

Ба қавли вазир, як ҳафта пеш оид ба ин масъала дар вазорат ҷаласа доир гардида, ҷиҳати дарёфти воситаҳои фурӯши ин китобҳо бо ҷалби мутахассисон ва кӯмаки ҳукумати кишвар қарор қабул гардидааст.

«Мушкили асосӣ дар он аст, ки имрӯз мардум ба хониши китоб таваҷҷуҳ надоранд. Барои ҷалби таваҷҷуҳи насли наврас ба мутолиаи китоб вазорат ҳамасола ярмаркаҳои китобу озмунҳо мегузаронад, вале аз он ҳам натиҷаи хубе ҳосил намешавад», – гуфт М.Асрорӣ.

Номбурда таъкид дошт, ки имрӯз ҷавонон бештар ба китобҳои электрониву интенет рӯ овардаанд, вале ҳеҷ чизе баҳра бурдан аз хондани китоби чопиро иваз карда наметавонад.

«Баъзан аз муносибати мардум ба китоб дар ҷомеаи мо ба ҳайрат меоям. Дар кишварҳои дигар мардум аз ярмаркаҳо бо як даста китобҳои харида ба хона бармегарданд. Дар ҷомеаи мо чунин чорабиниҳо қариб ҳеҷ натиҷае намедиҳанд», – иброз дошт вай.

Вазири фарҳанг ҳамчунин зикр кард, ки нархи китобҳои дар анбор хобида он қадр зиёд набуда, қобили қабул аст. «Минбаъд вазорат бо назардошти натанҳо имкони молиявӣ, балки дархосту завқи мардум низ китобҳо ба табъ хоҳад расонид», – афзуд М.Асрорӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.