Дархости «Тоҷик Эйр» ҷиҳати бекор кардани қарзҳои ҳангуфт

Ширкати «Тоҷик Эйр» аз ҳукумати кишвар бекор кардани қарзҳои пайдошуда пас аз таҷдиди сохторро дархост хоҳад намуд. Мудири кулли ҶСК «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор кард, ки феълан ширкат аз фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд мутаносибан – 27 млн.  ва 14 млн., КВД «Тоҷикаэронавигатсия» – 8 млн. ва Ширкати таъминоти […]

Заррина Эргашева


Ширкати «Тоҷик Эйр» аз ҳукумати кишвар бекор кардани қарзҳои пайдошуда пас аз таҷдиди сохторро дархост хоҳад намуд.

Мудири кулли ҶСК «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор кард, ки феълан ширкат аз фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд мутаносибан – 27 млн.  ва 14 млн., КВД «Тоҷикаэронавигатсия» – 8 млн. ва Ширкати таъминоти сӯзишворӣ – 17,5 млн. сомонӣ қарздор аст.

«Пардохти ин қарзҳо ба муҳлати аз 3 то 7 сол боздошта шуда, мо аз эътибор соқит кардани қарзҳоеро дархост хоҳем кард, ки пас аз таҷдиди сохтори ширкат ба мо мерос монданд ва ғайр аз ин, боз қарзҳои баҳсие низ мавҷуданд, ки муҳлати баррасиашон кайҳо гузашта, мо хоҳони онем, ки ин қарзҳо зимни натиҷагирӣ аз фаъолият ба инобат гирифта нашаванд», – гуфт ӯ.

Дар робита ба қарз аз истифодаи сӯзишворӣ номбурда зикр кард, ки ояндаи наздик ин масъала тариқи қарз гирифтан ё бо дигар роҳ ҳаллу фасл хоҳад шуд. «Мо кӯшиш мекунем, ки ҳавопаймоҳо доимо дар парвоз бошанд, зеро ин ягона сарчашмаи даромади мо буда, пас аз таҷдид мо қисматҳои даромадовари ширкатро аз даст додем», – афзуд Фирӯз Ҳамроев.

Ёдрас мекунем, ки соли 2008 бо қарори ҳукумати кишвар ва тавсияи Бонки ҷаҳонӣ сохтори ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» мавриди таҷдид қарор гирифта он ба воҳидҳои мустақил – «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе», «Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд», «Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб», «Фурудгоҳи байнулмилалии Қӯрғонтеппа» ва ҳамчунин «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ», КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва корхонаи таъмини парвози ҳавопаймо (Бортпитание) тақсим шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.