Эҳтимоли коҳиши 30%-и ҳайати шахсии ширкати «Тоҷик Эйр»

Мудири кулли ҶСК «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев имрӯз зимни нишасти хабарӣ аз эҳтимоли коҳиши ҳайати шахсии ширкат ба андозаи 30% дар ояндаи наздик иттилоъ дода, изҳор дошт, ки ин ихтисор ба ҳайати техникӣ ва халабонону кормандони таъмини парвози ҳавопаймоҳо дахл нахоҳад дошт. «Айни замон дар ширкат 720 нафар фаъолият дошта, минбаъд сохтор бозбинӣ ва дар […]

Заррина Эргашева


Мудири кулли ҶСК «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев имрӯз зимни нишасти хабарӣ аз эҳтимоли коҳиши ҳайати шахсии ширкат ба андозаи 30% дар ояндаи наздик иттилоъ дода, изҳор дошт, ки ин ихтисор ба ҳайати техникӣ ва халабонону кормандони таъмини парвози ҳавопаймоҳо дахл нахоҳад дошт.

«Айни замон дар ширкат 720 нафар фаъолият дошта, минбаъд сохтор бозбинӣ ва дар заминаи ҳавопаймоҳои феълан мавриди истифода қарордошта ба роҳ монда мешавад, ки айни замон аз 36 адад ҳавопаймои дар тавозун мавҷудбуда аз 12 адад ҳавопаймо иборатанд», – гуфт вай.

Ба қавли мудири кулли ширкат, ахири соли 2012 ҶСК «Тоҷик Эйр» бинобар сабаби камдаромадиву худнокифо будан ва беҳбуди вазъи молиявии корхона, аз роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо ба сатҳои Исломободу Боку ва Деҳливу Дубай даст кашидааст.

«Мо эътироф мекунем, ки феълан вазъи ширкат он қадр хуб нест, вале ин ҳамааш муваққатӣ аст. Соли гузашта ҳиссаи «Тоҷик Эйр» дар ҳаҷми умумии ҳамлу нақл 20,6%-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба андозаи 7,7% камтар аст», – гуфт ӯ.

Фирӯз Ҳамроев ҳамчунин изҳор намуд, ки миқдори ҳамлу нақли мусофирон низ аз 471,2 ҳазори соли 2011 дар соли гузашта то ба 422,3 ҳазор нафар коҳиш ёфта, ҳамаи ин омилҳо ба вазъи молиявии ширкат таъсири манфӣ гузоштаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.