Миннатдории Қ.Маҳкамов аз изҳори тасаллият

Нахустин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ба ҳамаи онҳое, ки пас аз даргузашти ҳамсараш ӯро дастгирӣ намуданду ҳамдардӣ карданд, изҳори миннатдорӣ намуд. «Дӯстони гиромӣ! Дар ин рӯзҳои душвор барои ман суханони зиёди ҳамдардии самимона изҳор шуд. Ин ҳамдардиро афроди кайҳо ба ман шиносу шахсоне изҳор намуданд, ки ман бо онҳо ҳатто боре ҳам вонахӯрдаам. Талафоти бузурги […]

ASIA-Plus


Нахустин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ба ҳамаи онҳое, ки пас аз даргузашти ҳамсараш ӯро дастгирӣ намуданду ҳамдардӣ карданд, изҳори миннатдорӣ намуд.

«Дӯстони гиромӣ! Дар ин рӯзҳои душвор барои ман суханони зиёди ҳамдардии самимона изҳор шуд. Ин ҳамдардиро афроди кайҳо ба ман шиносу шахсоне изҳор намуданд, ки ман бо онҳо ҳатто боре ҳам вонахӯрдаам. Талафоти бузурги маро ҳам шаҳрвандони қаториву ҳам Президент ва ҳам Раисони ҳарду палатаи парлумон ҳамроҳ қабул карданд. Ман хеле мутаассир буда, аз самими қалб ба ҳамаи Шумо миннатдорӣ изҳор мекунам», – гуфта мешавад дар номаи ба идораи ОИ «Азия-Плюс» ирсолнамудаи Қ.Маҳкамов.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 9-уми январи соли равон ҳамсари Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин Президенти Тоҷикистон Гавҳар Маҳкамова дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт. Г.Маҳкамова дар яке аз оромгоҳҳои Душанбе ба хок супурда шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.