Чанде қабл дар мақомоти шаҳрдории пойтахт таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки доираи васеи масъулини сохторҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳрӣ ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.
Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ҷаласа дар партави хулосаҳо аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомёфта оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар соли 2012 ироагардида доир гашт, ки дар иртибот ба он аз ҷониби М. Убайдуллоев ҷиҳати пешбурди ҳаёти хоҷагидории шаҳр масъалагузориҳои амиқ сурат гирифт.
Қабл аз ҳама, шаҳрдор таваҷҷӯҳи масъулинро ба иҷрои босифати корҳои бунёду азнавсозӣ, таъмири асосӣ ва ҷории хиёбону кӯчаҳо ва пиёдароҳҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо нигаронида, дастур фармуд, ки потенсиали мавҷуда баҳри иҷрои пай дар пайи нақшаҳои ободонӣ, ки дар соли 2013 бо фарогирии соҳаҳои гуногуни шаҳрдорӣ тасдиқ гаштаанд, сафарбар карда шавад.
«Аз ҷумла, муқаррар карда шуд, ки фаъолияти сохторҳо ва субъектҳои хоҷагидори аз ҷониби шаҳрдорӣ ва ноҳияҳои он созмонёфта ҳар моҳ дар сатҳи муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳои пойтахт натиҷагирӣ карда шуда, ҳар семоҳа дар сатҳи шаҳрдор баррасӣ карда мешаванд», – зикр мегардад дар иттилои мақомоти шаҳрдорӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ин росто, бо дахли масоили рушди меъморӣ ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳр, ки тибқи барномаҳои шаҳрсозӣ дар соли ҷорӣ амалӣ мешаванд, зикр гардид, ки оид ба кӯчонидани Боғи ҳайвонот ба дигар минтақа ва ҷойгузинии он дар манотиқи марбутаи шаҳр, баҳри дарёфти андешаву пешниҳодоти муфид миёни сокинон ва институтҳои лоиҳакашӣ озмуни кушод эълон карда мешавад.
Дар робита ба ин мавзӯъ қарор гашт, ки Боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ ва Дӯстии Халқҳо низ баҳри мутобиқат намудан ба баровардагии эҳтиёҷоти сайру саёҳатии сокинону меҳмонони шаҳр дар соли ҷорӣ мавриди азнавсозӣ қарор дода мешавад.
Дар радифи дигар масоили хоҷагидории шаҳр дар соли шурӯъгашта, оид ба тарҳрезии фаъолияти шаҳрдорӣ ҷиҳати истиқболи Наврӯзи 2013, аммо бидуни ҷалби мактабиёну донишҷуёни ғайрикасбӣ дар омодагӣ ба он, тадбирҳои мушаххас дар ҷаласа роҳандозӣ карда шуданд.


