Боғи ҳайвоноти Душанбе ба дигар ҷой мекӯчад

Чанде қабл дар мақомоти шаҳрдории пойтахт таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки доираи васеи масъулини сохторҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳрӣ ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид. Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ҷаласа дар партави хулосаҳо аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат зимни  натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомёфта оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар мақомоти шаҳрдории пойтахт таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки доираи васеи масъулини сохторҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳрӣ ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ҷаласа дар партави хулосаҳо аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат зимни  натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомёфта оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар соли 2012 ироагардида доир гашт,  ки дар  иртибот ба он аз ҷониби М. Убайдуллоев ҷиҳати пешбурди ҳаёти хоҷагидории шаҳр масъалагузориҳои амиқ  сурат гирифт.

Қабл аз ҳама,  шаҳрдор таваҷҷӯҳи масъулинро ба иҷрои босифати  корҳои бунёду азнавсозӣ, таъмири асосӣ ва ҷории хиёбону кӯчаҳо ва пиёдароҳҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо нигаронида,  дастур фармуд, ки потенсиали мавҷуда баҳри иҷрои пай дар пайи  нақшаҳои ободонӣ, ки дар соли 2013 бо фарогирии соҳаҳои гуногуни  шаҳрдорӣ тасдиқ гаштаанд, сафарбар  карда шавад.

«Аз ҷумла, муқаррар карда шуд, ки фаъолияти сохторҳо ва субъектҳои хоҷагидори аз ҷониби шаҳрдорӣ ва ноҳияҳои он созмонёфта ҳар моҳ дар сатҳи муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳои пойтахт натиҷагирӣ карда шуда, ҳар семоҳа дар сатҳи шаҳрдор баррасӣ карда мешаванд», – зикр мегардад дар иттилои мақомоти шаҳрдорӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар ин росто, бо дахли масоили рушди меъморӣ ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳр, ки тибқи барномаҳои шаҳрсозӣ дар соли ҷорӣ амалӣ  мешаванд, зикр гардид, ки оид ба кӯчонидани Боғи ҳайвонот ба дигар минтақа ва ҷойгузинии он дар манотиқи марбутаи шаҳр, баҳри дарёфти андешаву пешниҳодоти муфид миёни сокинон ва институтҳои лоиҳакашӣ озмуни кушод эълон карда мешавад.

Дар робита ба ин мавзӯъ қарор гашт, ки Боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ ва Дӯстии Халқҳо низ баҳри мутобиқат намудан ба баровардагии эҳтиёҷоти сайру саёҳатии сокинону меҳмонони шаҳр  дар соли ҷорӣ мавриди азнавсозӣ қарор дода мешавад.

Дар радифи дигар масоили хоҷагидории шаҳр дар соли шурӯъгашта,  оид ба тарҳрезии фаъолияти шаҳрдорӣ ҷиҳати истиқболи Наврӯзи 2013, аммо бидуни ҷалби мактабиёну донишҷуёни ғайрикасбӣ дар омодагӣ ба он, тадбирҳои мушаххас дар ҷаласа роҳандозӣ карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.