Намояндагони ҳимояи пешвои ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ҳудуди сад нафар сокинони пойтахтро, ки аз буридани дарахтон дар шаҳри Душанбе изҳори норозигӣ мекунанд, ба сифати шоҳидон ба мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъвои мақомоти шаҳрдории пойтахт нисбати раиси ҲНИТ даъват карданианд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров, ҳимоятгари раиси ҲНИТ хабар дод, онҳо ҳамчунин тамоми маводи марбут ба андешаву назари аҳолӣ нисбати буридани дарахтон дар пойтахтро аз газетаҳои «Азия-Плюс», «Фараж» ва дигар ҳафтаворҳо низ пешниҳод карданианд.
Ҳимоятгар ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин бора пас аз ҷаласаи нахусти баррасии даъвои мақомоти шаҳрдории пойтахт нисбати раиси ҲНИТ ва даъвои муқобили даъвои ӯ нисбати мақомоти шаҳрдорӣ ибрози андеша намуд. Бинобар сабаби ба ҳамдигар алоқаманд будани ҳарду даъво, ҳар кадоме аз онҳо на ба таври алоҳида, балки
дар як мурофиаи судӣ
баррасӣ мешаванд. Мурофиаи аввал санаи 21-уми январ доир гардида, мурофиаи навбатӣ рӯзи 28-уми январ баргузор мешавад.
Ба эътиқоди ҳимоятгар, зерҳимояи ӯ танҳо назари худро бобати буридани дарахтон изҳор намуда, ӯ аввалин шахсе нест, ки дар ин хусус ҳарф мезанад. «Мақомоти шаҳрдорӣ ваколатҳои худ оид ба тобеъ будани мақомоти ҳокимият ба вакилони парлумонро фаромӯш кардаааст, зеро вакилонро мардум интихоб мекунад ва онҳо назари мардумро иброз медоранд», – зикр кард Б.Ёров.
Ба қавли вай, рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда ҷониби ҳимоя ҳамчунин баёноти хабарнигори ОИ TojNews-ро низ шуниданист, ки ба эътиқоди адвокат, ӯ дар маводаш суханони М.Кабириро таҳриф кардааст.
«Вақте мо стенограмма ва
сабти навори видеоии
он ҷаласаро мавриди омӯзиш қарор додем, маълум шуд, ки даъвои шаҳрдорӣ нисбати зерҳимояи ман бесос аст. Сабаби ба суд муроҷиат кардани мақомоти шаҳрдорӣ иттилои интишоршуда дар ОИ TojNews будааст, ки дар он вакил зимни суханронӣ гӯё изҳор дошта бошад, ки баъди 10 сол Душанбе бидуни дарахт ва «тамоман урён» мешавад. Чунин суханонро зерҳимояи ман ба забон наовардааст ва сабти видеоӣ далели ин гуфтаҳост ва аз ин рӯ, мо бо шарҳи худи рӯзноманигор низ шинос шуданием», – таъкид дошт Б.Ёров.
Дар ҳамин ҳол, замони нашри хабар ба ОИ «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки бобати ин масъала шарҳу тавзеҳи мақомоти шаҳрдории пойтахтро дастрас намояд.
Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи ноябр мақомоти шаҳрдории Душанбе нисбат ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба интиқоли ӯ аз буридани дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ
даъво пеш овард
. Мақомоти шаҳрдории пойтахт дар даъвои худ ба суд талаб кардааст, ки М.Кабирӣ расман аз мақомоти шаҳрдорӣ узр бипурсад.
Дар навбати худ раиси ҲНИТ нисбат ба мақомоти шаҳрдории Душанбе даъвои ҷавобӣ пеш оварда, барои зарари маънавӣ 20 млн. сомонӣ ҷуброн талаб кард. «Мувофиқи қонун дар бораи мақоми вакили МН МО ҶТ, монеъа эҷод сохтан ба фаъолияти вакил масъулият дорад ва даъвои мақомот барои ибрози андеша монеъа эҷод сохтан аст, зеро ӯ нигоҳи худ ба ин масъаларо ҳамчун вакил ва узви комиссияи экологӣ изҳор кард ва ин ҳам дар ҳолест, ки Кабирӣ мушаххасан касеро танқид накарда, аммо мақомоти шаҳрдорӣ бошанд, нисбати раиси ҲНИТ изҳороти дағал баён доштанд», – зикр карда буд Б.Ёров.
Адвокат ҳамчунин гуфта буд, мақомоти шаҳрдорӣ пешниҳоди созишро қабул накарда, дар натиҷа М.Кабирӣ маҷбур шуд даъвои ҷавобӣ пеш оварад. «Агар даъво қонеъ гардад, 20 млн. сомонӣ ба беҳбуди вазъи экологии шаҳри Душанбе равона хоҳад гардид», – афзуда буд номбурда.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони мустақил бар ин назаранд, ки мурофиаи судӣ миёни мақомоти шаҳрдории пойтахт ва Муҳиддин Кабирӣ баҳри баҳо додан ба то кадом андоза мустақил будани мақомоти судӣ имкон медиҳад.


