Дархости кӯмак ба тоҷикони муқими Сурия

Душанбе. 22-юми январ. «Азия-Плюс» Ахиран зимни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров бо сафирони кишварҳои ИДМ дар шаҳри Маскав сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев аз вазири корҳои хориҷии Русия дархост намуд, ки дар ҳолати муроҷиати шаҳрвандони тоҷики муқими Сурия ба намояндагиҳои дипломатии Русия дар ин кишвар, ба онҳо кӯмак расонида шавад. Бино […]

ASIA-Plus


Душанбе. 22-юми январ. «Азия-Плюс» Ахиран зимни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров бо сафирони кишварҳои ИДМ дар шаҳри Маскав сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев аз вазири корҳои хориҷии Русия дархост намуд, ки дар ҳолати муроҷиати шаҳрвандони тоҷики муқими Сурия ба намояндагиҳои дипломатии Русия дар ин кишвар, ба онҳо кӯмак расонида шавад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, ҳангоми мулоқот вазири корҳои хориҷии Русия аз ҷумла иттилоъ додааст, ки ахиран ду ҳавопаймои кишвараш ба Димишқ фиристода шудааст, то аз мавзеи муноқиша шаҳрвандони Русияро берун барорад.

Ба иттилои манбаъ, сафорат бо ёддоште аз мақомоти расмии Русия хоҳиш намудааст, то дар сурати муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Сурия ба сафорати Русия ва консулгариҳои он дар кишвари мазкур, ёриву мусоидатҳои худро расонад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.