Захираи тилову асъори Тоҷикистон – 972 млн. $

Соли гузашта захираҳои тилову асъори Тоҷикистон 972 млн. доллари ИМА-ро ташкил доданд, ки нисбат ба соли пешин 170,4 млн. доллари ИМА бештар аст. Раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Ширинов зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки захираи тилои Тоҷикистон ба зиёда аз 11 тонна тило баробар мебошад. Ба қавли Ширинов, захираҳои мазкур ҳам дар Бонки миллӣ […]

Заррина Эргашева


Соли гузашта захираҳои тилову асъори Тоҷикистон 972 млн. доллари ИМА-ро ташкил доданд, ки нисбат ба соли пешин 170,4 млн. доллари ИМА бештар аст.

Раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Ширинов зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки захираи тилои Тоҷикистон ба зиёда аз 11 тонна тило баробар мебошад.

Ба қавли Ширинов, захираҳои мазкур ҳам дар Бонки миллӣ ва ҳам дар бонкҳои Швейтсарияу Олмон ва ҳамчунин ИМА нигоҳдорӣ мешаванд. «Ин амал барои таъмини бехатарии ин захираҳо сурат мегирад», – гуфт раиси БМТ.

Қобили зикр аст, ки захираҳои тилову асъори Тоҷикистон таҳти назорати мақомоти давлатии танзимгари сиёсати пуливу қарзӣ қарор дошта, дар ҳама гуна вақт метавонад барои маблағгузорӣ ба касри тавозуни пардохтӣ, маблағгузорӣ ба бозорҳои асъор, ки ба қурби асъори миллӣ таъсиргузоранд, истифода гардад.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2011 ҳаҷми захираҳои тилову асъори Тоҷикистон 801,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буданд, ки дар муқоиса бо соли 2010 ба андозаи 20,7% зиёдтар буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.