КДАМ: Мусодираи беш аз 75 кило маводи мухаддир

Дар қаламрави ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва ноҳияи Шуғнони ВМКБ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ аз се ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд. Бино ба маълумоти Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, дар натиҷаи анҷом додани амалиётҳои махсус беш аз 75 кило маводи нашъаовар мусодира шудааст. «Зимни задухӯрди мусаллаҳона дар ҳудуди минтақаи сарҳадии «Кокул»-и […]

Аваз Юлдошев


Дар қаламрави ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва ноҳияи Шуғнони ВМКБ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ аз се ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд.

Бино ба маълумоти Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, дар натиҷаи анҷом додани амалиётҳои махсус беш аз 75 кило маводи нашъаовар мусодира шудааст.

«Зимни задухӯрди мусаллаҳона дар ҳудуди минтақаи сарҳадии «Кокул»-и ноҳияи Фархор қочоқчиён – сокинони вилояти Тахори Афғонистон Хайрулло валади Тухтар ва Сайфулло валади Муллоназар кушта шуда, аз ҷойи ҳодиса 2 килову 600 грамм маводи мухаддири навъи героин, 8 килограмм афюн, 1 адад таппончаи тамғаи «Макаров» бо 1 тирдону 8 дона тир ва 1 адад телефони мобилӣ дарёфт ва мусодира гардид», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми баргузор намудани амалиёти дигар дар ҳудуди минтақаи марзии ноҳияи Фархор бо Афғонистон аз қочоқбарон 11 кило ҳашиш ва 13 кило афюн дарёфт ва мусодира шудааст.

«Дар ҷараёни амалиёти муштараки кормандони Раёсати КДАМ дар ВМКБ, хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва кормандони Раёсати корҳои дохилии ВМКБ дар ҳудуди деҳаи Виружаки ноҳияи Шуғнон аз қочоқбарони афғон беш аз 41 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид», – афзуд сарчашмаи хабар.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?