Мулоқоти вазири корҳои дохилӣ бо сафири Қирғизистон

Чанде қабл дар мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимов бо сафири Қирғизистон дар ҶТ Урмат Саралаев масоили таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳо баррасӣ шуданд. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба масоили таҳкими ҳамкориҳо дар масоили мубориза бо ҷинояткории муташакккил, пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимов бо сафири Қирғизистон дар ҶТ Урмат Саралаев масоили таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳо баррасӣ шуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба масоили таҳкими ҳамкориҳо дар масоили мубориза бо ҷинояткории муташакккил, пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Зимнан зикр гардид, ки дар вохӯрӣ атрофи ҳамкории марзӣ ва чораҷӯиҳои муштарак ҷиҳати ошкор сохтани ҷиноёти фаромарзӣ табодули назар сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.