Баррасии даъвои Ҳукумов нисбати «ИмрӯзNews» пушти дарҳои пӯшида

Мурофиаи аввали додгоҳии баррасии даъвои Рустам Ҳукумов, писари раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов нисбати рӯзномаи «ИмрӯзNews» дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт имрӯз пушти дарҳои пӯшида баргузор шуд. Судя Шерзод Низомов дархости ҳимоятгари даъвогар Руҳумбой Худоёровро қонеъ намуда, чунин қарор қабул кард. Пас аз муроҷиати ҳимоятгар дар бораи ҳифзи шаъну мартабаи зерҳимояаш суд […]

Маҳпора Киромова


Мурофиаи аввали додгоҳии баррасии даъвои Рустам Ҳукумов, писари раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов нисбати рӯзномаи «ИмрӯзNews» дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт имрӯз пушти дарҳои пӯшида баргузор шуд. Судя Шерзод Низомов дархости ҳимоятгари даъвогар Руҳумбой Худоёровро қонеъ намуда, чунин қарор қабул кард.

Пас аз муроҷиати ҳимоятгар дар бораи ҳифзи шаъну мартабаи зерҳимояаш суд ба хонаи машваратӣ хориҷ шуда, пас аз он ба ҳозирин эълон кард, ки мурофиа пушти дарҳои пӯшида сурат мегирад. Ин қарори худро ӯ бо меъёрҳои Конститутсияи ҶТ ва Кодекси мурофиавӣ-шаҳрвандии ҷумҳурӣ асоснок намуд.

Дар ҳамин ҳол, муассиси рӯзномаи «ИмрӯзNews» Рустами Ҷонӣ барои дар реҷаи пӯшида гузаронидани мурофиа ҳеҷ асосе намебинад. Ба андешаи ӯ, «аз тамоми паҳлӯҳои ин қазия аллакай ҳама комилан хабардоранд». «Сониян, ин ҷо сирри давлатӣ ё маълумоти ба ҳаёт таҳдиддошта вуҷуд надорад», – иброз дошт вай.

Ҳимоятгари аз ҷониби Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонунияти ҶТ пешниҳодшуда ба ҷониби ҷавобгар Гулчеҳра Холматова «дар ин парванда ҷой надоштани ҳифзи шаъну мартаба» изҳори назар намуда, дархост кард, ки мурофиаи кушода гузаронида шавад.

Ба гуфтаи ӯ, даъвои Ҳукумов бобати ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ беасос аст. «Дар бораи боздошти Ҳукумов бо маводи мухаддир ВАО-и Русия зиёд навиштанд, – зикр кард ӯ. – Аз ин рӯ, «ИмрӯзNews» барои ҷомеа чизи наверо пешниҳод накард, танҳо навиштаҳои дигар ВАО-ро бознашр намуду халос».

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январ Рустам Ҳукумов ба суди ноҳияи Синои пойтахт нисбати рӯзномаи «ИмрузNews» оид ба ҳифзи шаъну эътибор даъво пеш овард. Дар аризаи даъвогӣ Р.Ҳукумов аз суд дархост намудааст, ки аз идораи рӯзнома ба манфиати ӯ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ товони зарари маънавӣ рӯёнида шавад.

Нашри мавод дар рӯзнома таҳти унвони «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» – и падарҳо шудаанд» аз 16-уми октябри соли гузашта ба пешниҳоди аризаи даъвогӣ боис гардидааст.

Соли 2010 Рустам Ҳукумов дар Русия ба иттиҳоми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуда, моҳи декабри соли 2011 аз рӯи ҳамин парванда бегуноҳ эътироф шуд.

Он замон аксари коршиносон эътирофи бегуноҳии Р.Ҳукумовро ба озодии халабони рус Владимир Садовничий ва ҳамтои эстонии ӯ Алексей Руденко рабт доданд, ки соли 2011 аз ҷониби суди Қӯрғонтеппа ба муддати 8,5 соли зиндон маҳкум гардида, сипас бо қарори зинаи таҷдиди назари судӣ муҳлати ҷазояшон то 2 солу 6 моҳ кам ва аз толори суд озод гардида буданд.

Чӣ тавре ки қаблан раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Зокир Аминов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, дар даъвояш Рустам Ҳукумов изҳор доштааст, ки ӯ ба хулосаҳои журналист дар мавриди гӯё аз ҷониби ҳукуматдорони тоҷик «иваз шудани ӯ ба халабонони русиягиву эстонӣ Владимир Садовничий ва Алексей Руденко аз ҳабс» қатъиян розӣ нест ва тақозо кардааст, ки ин далел аз ҷониби идораи рӯзнома собит карда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.