Даъвати президент бобати кӯмак ба ниёзмандон

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як зумра масъулон аз ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор машварати корӣ доир намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат масоили созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунии муҳити зист ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ баррасӣ шуд. Сарвари давлат гузориши шахсони масъулро доир ба […]

ASIA-Plus


Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як зумра масъулон аз ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат масоили созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунии муҳити зист ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат гузориши шахсони масъулро доир ба мавзӯъҳои машварат шунида, дар назди роҳбарони сохторҳои масъул барои тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, шинондани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, бунёди боғу токзори нав, барқарорсозии боғоти кӯҳна, вусъат додани корҳои созандагӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои иловагии корӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

Аз роҳбарони тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ новобаста аз шакли моликият, соҳибкорон ва дигар шахсиятҳои саховатпеша даъват карда шуд, ки ба манзури риоят аз анъанаҳои таҷлили ҷашну идҳои пурифтихор дар арафа ва рӯзҳои Наврӯзи хуҷастапай – иди байналмилалии Наврӯз ба ятимону бепарасторон, пирону барҷомондагон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон дасти кумак дароз намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.