Роҳбари «Тоҷик Эйр»: Вазъи «Боинг» садамавӣ набуд

Дар робита ба шарҳу тавзеҳи ҳоодисаи чанде қабл бо ҳавопаймои Боинг 737-700 рухдода имрӯз ширкати ҳавопаймоии «Тоҷк Эйр» нишасти хабарӣ доир намуд. «Пас аз ошкор гардидани камбуди кори низоми нигоҳдории баландӣ, шоми 9-уми феврал ҳавопаймо бидуни хавфе ба майдони ҳавоии Душанбе фуруд омада, ҳамаи 136 нафар мусофирони хатсайр бо ҳавопаймои ҳамин навъи ширкат ба пойтахти […]

Заррина Эргашева


Дар робита ба шарҳу тавзеҳи ҳоодисаи чанде қабл бо ҳавопаймои Боинг 737-700 рухдода имрӯз ширкати ҳавопаймоии «Тоҷк Эйр» нишасти хабарӣ доир намуд.

«Пас аз ошкор гардидани камбуди кори низоми нигоҳдории баландӣ, шоми 9-уми феврал ҳавопаймо бидуни хавфе ба майдони ҳавоии Душанбе фуруд омада, ҳамаи 136 нафар мусофирони хатсайр бо ҳавопаймои ҳамин навъи ширкат ба пойтахти Русия парвоз карданд», – изҳор кард дар ҷамъи рӯзноманигорон мудири кулли ҶСК «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев.

Ба қавли ӯ, дар баландии на зиёдтар аз 4,2 км низоми нигоҳдории баландии ҳавопаймо огаҳ намудааст, ки гузаштан ба баландии минбаъда ғайриимкон аст ва ҳарчанд сардори ҳайати ронандагӣ як қатор чораҳо андешида бошад ҳам, он самар надодааст ва аз ин рӯ, тасмим гирифта шудааст, ки баъди 4 соати парвоз ҳавопаймо пас аз сӯзонидани миқдори зарурии сӯзишворӣ ба фурудгоҳ баргардонида шавад.

«Ин ҳавопаймои Боинг-737-300-и ширкат 15 сол дошта, бор нахуст аст, ки дар низоми кориаш нуқсон ба мушоҳида мерасад. Мо камбудии низоми онро бартарф сохта, ба кор омода месозем. Аз рӯи ин ҳавопаймо мо тамоми пардохтҳои лизингиро анҷом дода, он пурра ба моликияти ширкат гузашт», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.