Сафари Шувалов ба Душанбе мавқуф гузошта шуд

Сафари муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи рӯзи 12-уми феврали Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳанӯз рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта онҳо аз Русия огоҳинома гирифтаанд, ки кори ҷаласа ва мутаносибан сафари Шувалов […]

Заррина Эргашева


Сафари муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи рӯзи 12-уми феврали Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳанӯз рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта онҳо аз Русия огоҳинома гирифтаанд, ки кори ҷаласа ва мутаносибан сафари Шувалов ба Душанбе мавқуф гузошта мешавад. Комиссияҳои байниҳукуматии ҷонибҳоро Игор Шувалов ва нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов сарварӣ мекунанд.

«Чун ҷаласа мебоист дар сатҳи ҳукуматӣ ва нахуствазирон баргузор мешуд, ба ин кор Вазорати корҳои хориҷӣ машғул буд. Сабабашро ба мо шарҳ надоданд, вале изҳор намуданд, ки ҷаласа ба моҳи апредл мавқуф гузошта шуд», – гуфт манбаъ.

Аз Вазорати корҳои хориҷӣ дар ин робита иттилоъ доданд, ки сабаби асосии мавқуф гузоштани ҷаласа мувофиқа нашудани ҳамаи масъалаҳо дар протокол аст. Ин протокол бояд аз рӯи натиҷаҳои маҷлис қабул мешуд. «Дар сурати ҳал шудани ин масъалаҳо санаи дақиқи баргузор кардани ҷаласа маълум мешавад», – иброз доштанд дар ВКХ.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи зикршуда баррасии беш аз 20 масоил, аз ҷумла созишномаҳо дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи содиротӣ, будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, масъалаи қарзи ширкати «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ва ғайра дар назар буданд.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз коршиносон мавқуф гузоштани баргузории ҷаласаро ба он рабт медиҳанд, ки Тоҷикистон то ҳанӯз Созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистонро тасдиқ накардааст. «Русия қариб ҳамаи ваъдаҳояшро ба иҷро расонид, яъне созишномаҳои таҳвили маҳсулоти нафтӣ ва тартиби будубоши муҳоҷирони корӣ дар Русияро ба имзо расонид ва метавон гуфт, ки масъалаҳои асосии рӯзномаи ин ҷаласа ҳаллу фасл шудаанд ва акнун Маскав ба талаби тасдиқи созишнома оид ба пойгоҳи низомӣ ҳуқуқ дорад», – гуфт як манбаъи наздик ба доираҳои ҳукумат.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.