Таъини Раҷаби Мирзо ба ҳайси сухангӯи Ҳизби демократ

Рӯзи якшанбе баъди эътирофи раҳбарияти нави Ҳизби демократии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ҷаласаи нахустини Шӯрои сиёсии ҳизб доир гардида, дар он рӯзноманигори маъруфи тоҷик Раҷаби Мирзо сухангӯи ҲДТ таъин шуд. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Раҷаби Мирзо изҳор намуд, ки бо қарори Шӯрои сиёсии ҲДТ дар шабакаи Интернет сомонаи расмии ҲДТ таъсис […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи якшанбе

баъди эътирофи раҳбарияти нави

Ҳизби демократии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ҷаласаи нахустини Шӯрои сиёсии ҳизб доир гардида, дар он рӯзноманигори маъруфи тоҷик Раҷаби Мирзо сухангӯи ҲДТ таъин шуд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Раҷаби Мирзо изҳор намуд, ки бо қарори Шӯрои сиёсии ҲДТ дар шабакаи Интернет сомонаи расмии ҲДТ таъсис ва чопи ҳафтаномаи ҳизбии «Адолат» дубора ба роҳ монда мешавад.

«Кӯшиш ба харҷ хоҳем дод ки дар муддати 2 моҳ шумораи нахустини ҳафтанома ба хонандагон дастрас гардад», – иброз дошт вай.

Ба қавли Р.Мирзо, Шӯрои сиёсии ҲДТ ҷиҳати барқарор намудани иштирокаш дар кори Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон изҳорот қабул намудааст. Моҳи феврали соли 2010 ба нишони эътироз пас аз интихоботи парлумонӣ ҲДТ сафи Шӯрои мазкурро тарк намуда буд.

«Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин масъалаи фаъол сохтани бахшҳои аввалияи ҳизб дар маҳалҳо низ баррасӣ шуда, ҳайати Шӯро аз 11 то 13 нафар афзуда шуд ва вазифаи нав – раиси дастгоҳи ҲХДТ рӯйи кор омад», – афзуд номбурда.

Дар

Анҷумани ғайринавбатии

Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ), ки рӯзи 23-юми декабри соли сипаришуда дар шаҳри Душанбе бо иштироки 85 нафар вакилон баргузор шуд, дар бораи таъсиси Шӯрои сиёсии ҳизб тасмим гирифта шуд.

Ҳамин тариқ, дар анҷуман тамоми ҷиноҳҳои ҲДТ, аз ҷумла ҷиноҳе, ки Масъуд Собировро ба сифати раиси ҳизб эътироф намекарду Маҳмадрӯзи Искадаровро раиси худ мешинохт, муттаҳид шуданд.

Қаблан шуъбаву бахшҳои вилоятии ҲДТ дар вилояти Суғду Хатлон ва ВМКБ аз эътирофи Масъуд Собиров ҳамчун раиси ҳизб даст кашида буданд. Соли 2006 дар анҷумани ғайринавбатии ҲДМ Масъуд Собиров аз ҷониби гурӯҳи демократҳо раиси ҳизб интихоб шуд. Аз кӯшишҳои ҷонибдорони М.Искандаров бобати бо тартиби судӣ ғайриқонунӣ эътироф кардани мақомоти раҳбарии ҳизб таҳти сарварии Собиров ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд. Баръакс, суд ба ҷонибдорони Искандаров истифодаи нишонаҳои ҲДТ-ро манъ намуда буд.

Рӯзи 5-уми феврал Вазорати адлияи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмоновро расман ҳамчун раиси нави Ҳизби демократии Тоҷикистон эътироф намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.