Ташрифи ҳунармандони Сирки Маскав ба Душанбе

Таҳти сарварии Ҳунарманди халқии Русия Виктор Шемшур Сирки давлатии Маскав бо барномаи нав ба Душанбе меояд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори сирки давлатии Тоҷикистон Ҷамолиддин Муҷиддинов хабар дод, ҳунармандони сирки Маскав дар ҳайати 40 нафар ҳамарӯза барномаи 2-соатаи рангин пешкаш хоҳанд кард. «Аз баргузории намоиши аввали ҳунуармандони сирки Маскав рӯзи 17-уми феврал интизорӣ рафта, дар […]

Маҳпора Киромова


Таҳти сарварии Ҳунарманди халқии Русия Виктор Шемшур Сирки давлатии Маскав бо барномаи нав ба Душанбе меояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори сирки давлатии Тоҷикистон Ҷамолиддин Муҷиддинов хабар дод, ҳунармандони сирки Маскав дар ҳайати 40 нафар ҳамарӯза барномаи 2-соатаи рангин пешкаш хоҳанд кард. «Аз баргузории намоиши аввали ҳунуармандони сирки Маскав рӯзи 17-уми феврал интизорӣ рафта, дар маҷмӯъ онҳо муддати як моҳ дар Тоҷикистион қарор хоҳанд дошт», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, дар намоишномаҳо масхарабозони номиву акробатҳо ва гимнастҳо ширкат варзида, аксари намоишномаҳо бо 45 навъи ҳайвоноти хонагиву ваҳшӣ доир мегарданд, ки барои онҳо дар сирк ҷойҳои махсус омода шудаанд. «Ба ин намоишномаҳо хоҳишмандон аллакай метавонанд билетҳо дастрас кунанд ва арзиши билет аз 15 то 50 сомониро ташкил медиҳад», – иброз дошт номбурда.

Директори сирки Тоҷикистон ҳамчунин изҳор намуд, ки барномаи ҳунармандони сирки Маскав дар доираи ҳамкориҳои муштараки сиркҳои Тоҷикистону Русия доир гардида, ба наздикӣ ҳунармандони сирки тоҷик низ ба тамошогарони Русия барномаи худро пешкаш хоҳанд намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.