«Тоҷик Эйр» чархболҳои дар Афғонистон ҳабсшудаашро баргардонид

Пас аз ҳабси чандмоҳа ду адад чархболи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз Афғонистон баргардонида шуданд. Директори генералии ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев дар ин робита зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки пас аз хизматгузории техникӣ чархболҳо боз мавриди истифода қарор мегиранд. «То охир вазъро ба мо шарҳ надоданд, вале ин нофаҳмиҳои миёни […]

Заррина Эргашева


Пас аз ҳабси чандмоҳа ду адад чархболи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз Афғонистон баргардонида шуданд.

Директори генералии ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев дар ин робита зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки пас аз хизматгузории техникӣ чархболҳо боз мавриди истифода қарор мегиранд.

«То охир вазъро ба мо шарҳ надоданд, вале ин нофаҳмиҳои миёни ҳукумати Афғонистон ва ширкати хусусии «Суприм» аст, ки чархболҳои мо ва якчанд ширкатҳои дигар дар он фаъолият доштанд», – иброз дошт вай.

Ёдрас мекунем, ки нимаи тобистони соли гузашта ҳукуматдорони Афғонистон

ду адад чархболи Ми-8

-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо 12 нафар ҳайати халабонону кормандони техникиашро боздошт намудаанд. Онҳо тибқи қарордод дар Афғонистон фаъолият доштанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.