Даъвати боз як футболбози русиягӣ ба дастаи «Истиқлол»

Ба дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе боз як футболбози русиягӣ Артем Петренко даъват карда шуд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии даста, нимҳимоятгари марказии 27-сола Артём Петренко қаблан дар ҳайати дастаҳои русиягии лигаи якум ва дуюми Русия, аз қабили «Лада» (Толятти), «Черноморец» (Новороссийск), «Металлург» (Липетск), «Нефтехимик» (Нижнекамск), «Динамо «Ставропол), «Амур» (Благовещенск) ва ғайра, ҳамчунин дастаи «Нистру» (Молдова) […]

Аваз Юлдошев


Ба дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе боз як футболбози русиягӣ Артем Петренко даъват карда шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии даста, нимҳимоятгари марказии 27-сола Артём Петренко қаблан дар ҳайати дастаҳои русиягии лигаи якум ва дуюми Русия, аз қабили «Лада» (Толятти), «Черноморец» (Новороссийск), «Металлург» (Липетск), «Нефтехимик» (Нижнекамск), «Динамо «Ставропол), «Амур» (Благовещенск) ва ғайра, ҳамчунин дастаи «Нистру» (Молдова) ҳунарнамоӣ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Артём Петренко рӯзи 21-уми феврал ба қароргоҳи дастаи «Истиқлол» ҳозир хоҳад шуд. Айни замон дастаи мазкур дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ба тамрин машғул аст.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ҳимоятгар Аҳтам Назаров (аз дастаи «Энергетик»), нимҳимоятгар Орзу Додхудоев (аз дастаи ССКА «Помир»), дарвозабони сербӣ Никола Стошич, ҳамлагари дастаи мунтахаби Уганда Юҷин Сепуйя, ҳимоятгари русиягӣ Роберт Жилин ва ҳамлагар бразилиягӣ Виллер Соуза Оливейра низ ба сафи дастаи «Истиқлол» пайваста буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.